қарорҳои ҳукумат
Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2011, № 32, ш. Душанбе
Дар бораи муттаҳид намудани Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва бо мақсади таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуда, минбаъд Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
2) Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муттаҳид намудани Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия таъсис дода шавад.
3) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шавад.
4) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии марбут ба Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2905