номаҳо
Танзим харҷи ҳоҷиёнро низ кам кард
Аз рӯи маълумоте, ки дорам, имсол 5 ҳазор шаҳрванди кишвари мо барои зиёрати Хонаи Худо ва иҷрои фарз ба Маккаи мукаррама меравад . Албатта, мо шукри истиқлолиятро мекунем, ки ин гуна имкони некро бароямон фароҳам овардааст. Хушбахтона, бо танзими расму оинҳо дигар маъракаороиҳои пеш аз сафар ва баъди он аз миён рафтааст. Яъне харҷи ҳоҷиён ва фарзандони онҳо камтар мегардад. Дар ин сурат бо сарфаи маблағ барои харидории тӯҳфаҳо ҳангоми бозгашт имкони зиёд муҳайё мешавад. Овардани тӯҳфа барои дӯстон, хешовандон, наздикон манъ нест ва он ба ҳукми анъана даромадааст.
Албатта, ба чунин имконияте, ки танзим фароҳам овардааст, харидорӣ ва ҳам қабули тӯҳфаҳо гуворост.
Фирдавс ШЕРАЛИЕВ,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5022