номаҳо
Мо акнун хобгоҳи нави замонавӣ дорем
Вақте мо вориди ин хобгоҳи замонавӣ гардидем, хурсандиамонро ҳадду канор набуд ва як андеша моро фаро гирифт, ки чӣ тавр миннатдории худро ба ташаббускорони ин сохтмони азим бирасонем.
Баъди машварат ба хулосае омадем, ки навиштаеро ба унвони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ирсол намоем.
Дар таърихи 60 –солаи худ бори аввал ДМТ ба чунин як хобгоҳи замонавӣ соҳиб шудааст.
Имрӯз барои мо шароити хубтари таълиму зиндагӣ фароҳам омадааст.
Дар ҳақиқат, ин хобгоҳ аз дигар хобгоҳҳои донишгоҳ, дар маҷмӯъ муассисаҳои таълимии кишварамон ба куллӣ фарқ мекунад.
Мо аз номи худ ва дигар донишҷӯёне, ки дар ин истиқоматгоҳ зиндагӣ мекунанд, ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдории худро баён менамоем.
Моро ин ғамхорӣ вазифадор месозад, ки сатҳи донишандӯзиро баланд бурда, дар оянда чун мутахассиси асил ба нафъи ҷомеа хидмати арзанда бикунем.
Муҳиба ХОЛОВА,
Далер САИДМУРОДОВ,
Ҷумъахон АХМЕДОВ,
Маҳмуд ШЕРАЛИЕВ,
Фирӯз ПИРОВ ва дигарон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4986