номаҳо
Мардум дуои давлату баракаташ намуд
Шаш моҳ ин ҷониб насоси обкашии деҳаи Сопкадилии Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Восеъ кор намекард. Дурусттараш он сӯхта буд. Мардум дар ин муддат аз масофаи 4 километр, аз деҳаи ҳамсоя об мекашониданд.
Барои таъмири насос ду ҳазор сомонӣ лозим буд. Пардохти ин миқдор маблағро Ҳикматулло Қурбонов, ки зодаи ҳамин деҳа асту ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагиву фаъолият дорад, ба ӯҳдаи худ гирифт. Ин дастгирии молиявии ӯ имкон фароҳам овард, ки аҳолии деҳа бо об таъмин шаванд.
Мардум дар ҳаққи ин ҷавонмард дуои давлату баракат менамоянд. Ва ҳам аз ман хоҳиш карданд, ки ин номаро чун изҳори сипос бинависам ва дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзнома ба табъ расад.
Раҳмоналӣ ҚУРБОНАЛИЕВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии № 13-и ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5088