номаҳо
Як тақвими дуруст пайдо накардам
Тақвими моҳи шарифи рамазонро дастрас намудам. Шод шудам, ки аз он замони анҷом гирифтан ва оғози кушодани рӯзаро муайян мекунам. Чанд рӯз аз ин моҳи муборак гузашту дарёфтам, ки тақвим нодуруст аст ва чун роҳнамо хидмат карда наметавонад. Чанд тақвими дигарро пайдо намудам. Аз ҳамдигар бо нишондоди вақт фарқ доштанд ва ҳеҷ кадом ба ҳақиқат мувофиқат намекард. Чандин рӯзномаҳо низ чунин тақвимҳоро барои рӯзадорон ба табъ расонида буданд.
Ҳамин тавр, ҳар сол мардум ба ин «фиреб» дар оғоз бовар мекунад, пул медиҳаду онро мехарад ва баъд пушаймон мешавад. Аҷаб ин ки масъулияти ин амали носавобро ҳеҷ кас ба гардан гирифтан намехоҳад. Беҳтар мебуд, агар Шӯрои исломӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ соли оянда тақвими дурусти моҳи шарифи рамазонро омода ва ба табъ мерасониданду морову дигаронро аз хиҷолат мебароварданд. Охир айб аст, ки дар кишвар кас як тақвими дурусти моҳи шарифи рамазонро пайдо карда натавонад.
Ҷумъахони РАҲИМ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7740