logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими бунёди боғи нав дар ноҳияи Ҷиликӯл, 15 феврали соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳое, ки солҳои зиёд бекор хобида буданд, дар ин заминҳо шинонидани аввалин ниҳолҳои боғи нав ва ба ин васила фароҳам овардани ҳазорон ҷои корӣ, инчунин афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба мавзеи зебову дилписанд табдил додани боз як гӯшаи диёрамон ҷамъ омадаем. Зеро табиату иқлими ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон имкон медиҳад, ки махсусан дар ҳамин шабу рӯзҳо ба корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонӣ суръати тоза бахшида шаванд.
Бинобар ин, ба ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам, мардуми боғайрату бонангу номуси вилояти Хатлон ва сокинони заҳматписанди ноҳияи Ҷиликӯл дар ин лаҳзаҳои оғози корҳои баҳорӣ рӯзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Чунонки ҳамаи шумо медонед, бунёди боғистону гулистонҳо дар баробари ривоҷи дигар соҳаҳои кишоварзӣ яке аз рукнҳои таркибии фарҳанги зиндагии мардуми куҳанбунёдамон мебошад, ки мо имрӯз ин суннати қадимаи ниёгонамонро идомаи нек мебахшем. Маҳз натиҷаи заҳмати наслҳои гузашта аст, ки дар кишварамон навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбору лазиз ва серҳосилу хушсифат парвариш меёбанд.
Дар баробари ин, гиёҳҳои шифобахш, гулҳои рангорангу буттаҳои ороишӣ ва обҳои софу зулоли кишварамон низ аз сарватҳои миллии мо маҳсуб мешаванд.
Ин сарватҳои табиӣ ба кишвари кӯҳсор ва зебоманзари мо шукӯҳу ҷилои камназиру хоса бахшида, муҳити сарсабзу ҳавои тоза ба ҳаёти иҷтимоии халқи мо ва тарзи зиндагии мардумамон таъсири мусбат мерасонанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо ва хоҷагиҳои деҳқониву заминҳои наздиҳавлигии мардуми мо дарахтони мевадиҳандаву ороишии зиёд  парвариш меёбанд, ки худ шоҳиди аз насл ба насл гузаштани анъанаи писандидаи халқамон, яъне маданияти қадимаи заминдорӣ ва фарҳанги деринаи ободкорӣ, мебошад.
Ҳоло мо дар мавзее ҳузур дорем, ки қариб бист сол бекор хобида буд ва тибқи нақша дар он имсол 230 гектар ва соли оянда 550 гектар боғи нав бунёд шуда, инчунин худи ҳамин сол дар ду ҳазор гектар замин пахта кишт мешавад. Умуман дар ин мавзеъ имсол ва соли оянда майдони се ҳазор гектар замини бекорхобида обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, зиёда аз 10 ҳазор ҷои нави корӣ муҳайё мегардад, инчунин беш аз ду ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматии нав мешавад.
Солҳои охир мо дар доираи вусъати  корҳои ободониву созандагӣ ва махсусан ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ба бунёди боғҳои нав ва таҷдиди боғҳои кӯҳна аҳамияти хоса медиҳем ва дар натиҷаи андешидани чунин тадбирҳо имрӯз дар кишварамон, пеш аз ҳама дар заминҳои бекорхобида ҳазорҳо гектар боғи нав бунёд шуда, садҳо гектар боғҳои кӯҳна таҷдиду барқарор гардиданд, ки ин раванд, бешубҳа, ба вусъат ёфтани истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
 Боғу боғдорӣ дар баробари ҷузъи таомулу суннати қадимаи мардуми мо буданаш, инчунин яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Баъди чор-панҷ сол ин ниҳолҳо ба самар меоянд ва барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолии мардум, инчунин афзудани иқтидори содиротии мамлакат кӯмаки зиёд мерасонанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми бунёди боғҳо ҳам ба масъалаи истифодаи таҷрибаи ғании кишоварзони асили гузашта ва ҳам ба фарҳангу усулҳои муосири боғдориву заминдорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6-уми апрели соли 2007 Барномаи мақсадноки давлатӣ ва тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаву ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, ки дар асоси он то имрӯз дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар боғ ва қариб 700 гектар токзори нав бунёд гардида, инчунин 1645 гектар боғ ва беш аз 1000 гектар токзори кӯҳна барқарор карда шудааст. Инчунин барои рушди минбаъдаи соҳа моҳи августи соли 2009 Фармони Президенти мамлакат "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014" содир гардид, ки дар асоси он бояд дар мамлакат 50 ҳазор гектар ва дар миқёси вилояти Хатлон дар майдони 22700 гектар боғу токзори нав бунёд карда шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз иҷрои ин фармон на дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ба таври қаноатбахш идома дорад.
Чунин вазъ масъулони соҳаро водор месозад, ки ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ, яъне иҷрои нишондодҳои фармони мазкур ва тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот,  аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - роҳбарону мутахассисон ва фаъолони вилоят низ аз ҳамин иборат аст, ки камбудиву мушкилоти дар соҳаи кишоварзии вилоят ҷойдоштаро бартараф намуда, бо ҳамин роҳ ба рушди минбаъдаи соҳа суръати тоза бахшем. 
Чунки Хатлон ҳамчун вилояти калонтарини кишвар барои рушди саноату кишоварзӣ ҳам аз ҷиҳати боду ҳавои мусоид, захираҳои об, майдони заминҳои кишт ва ҳам аз лиҳози захираҳои ашёи хом имкониятҳои зиёд дошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бузург мегузорад. Бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид ва бо дарназардошти ин, ки вазифаи ҳар яки мову шумо таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон - ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат мебошад, мо бояд корро тарзе ташкил намоем, ки ҳам мардумамонро бо маҳсулоти озуқаи худӣ таъмин кунем ва ҳам содироти маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар афзоиш диҳем.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон панҷ лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 543 миллион сомонӣ ва маблағи то имрӯз азхудшуда 235 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо аллакай нафаси гарми баҳор эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, кишоварзони вилоятро зарур аст, ки аз ҳоло сар карда, суръати корҳои баҳориро тезонанд. Мутахассисони соҳа ва деҳқонони асил медонанд, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ гузаронидани шудгор ва ғизодиҳии саривақтии зироатҳо мебошад. Мутаассифона, солҳои охир ин кор аз ҷониби на ҳамаи кишоварзони вилоят риоя мегардад, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокӣ ва дар навбати худ баланд шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад. Масалан, соли гузашта дар миқёси вилоят дар майдони 113 ҳазор гектар кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 7 ҳазору 300 гектар кам мебошад. Сабаби асосии чунин вазъ, яъне холӣ мондани заминҳо, пеш аз ҳама бепарвоии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони вилоят мебошад. 
Илова бар ин, тибқи дурнамо кишоварзони вилоят барои таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат, махсусан  дар мавсими тирамоҳу зимистон, бояд дар гармхонаҳои мавҷуда дар майдони 29 гектар помидору бодиринг ва дигар намудҳои сабзавот кишт мекарданд, вале, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамагӣ нисфи нақшаи дурнамо иҷро шудааст. Ҳол он, ки таҷрибаи деҳқонони вилоят оид ба истифодабарӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо хеле калон мебошад ва муҳимтар аз ҳама, дар фасли зимистон талаботи аҳолӣ ба ин навъи сабзавот торафт зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, роҳбарону мутассадиёни соҳаро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои афзун намудани ҳаҷми  истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи фаслҳои сол - чи дар гармхона ва чи берун аз он ва бо ҳамин роҳ ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ саъю талош намоянд. 
Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, то 8-уми феврал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 267 ҳазор гектар шудгори заминҳо гузаронида шудааст, ки ин 86 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар 80 фоизи заминҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кишти асосии картошка ва пиёзу сабзии барвақтиро анҷом додан мумкин аст. Вале, мутаассифона, то имрӯз дар хоҷагиҳои вилоят майдони кишти тирамоҳию баҳории картошка, пиёзу сабзии барвақтӣ, ғалла ва сабзавот аз нишондодҳои дурнамо хеле кам мебошад.
Бояд зикр кард, ки яке аз омилҳои паст шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иҷро нагардидани вазифаҳо оид ба идоракунии захираҳои об мебошад. Бинобар ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об зарур аст, ки корро махсусан дар самти таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ, аҳолии деҳот ва чарогоҳҳо бо об, азхуд намудани заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани иншооти обёрӣ ва ба мавсими обдиҳӣ омода сохтани пойгоҳҳои обкашӣ пурзӯр намояд. Хотирнишон месозам, ки имсол мавсими обдиҳӣ шояд барвақттар оғоз гардад.
Масъалаи самаранок истифода бурдани замин, махсусан заминҳои обӣ ва ҳолати мелиоративии онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Яке аз сабабҳои  ғайриқаноатбахш гардидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар вилоят сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагони об, тоза накардани заҳбӯру заҳкашҳо ва нигоҳубини ғайрикофии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби идораҳои давлатии хоҷагиҳои об мебошад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷиликӯл 13515 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки 9700 гектари он дар мавзеи Гаровтӣ ҷойгир буда, тавассути силсилаи пойгоҳҳои обкашӣ  обёрӣ  мегардад. Мутаассифона, солҳои охир бо сабаби пурра фаъолият накардани пойгоҳҳои обкашӣ қариб 4 ҳазор гектар заминҳо ба заминҳои лалмӣ табдил ёфтаанд, ки имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон азхудкунӣ ва обёрӣ намудани 3 ҳазор гектари он оғоз мегардад.
Дар вилоят инчунин масъалаи истифодаи ғайримақсадноки заминҳои обӣ, сохтмони ғайриқонунии манзилҳои истиқоматӣ дар заминҳои кишт, ғасб ва хариду фурӯши замин ва дигар қонуншиканиҳо дар тақсимоти замин ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз чоруним ҳазор ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 21 ҳазор гектар ошкор карда шудааст, ки дар ин самт масъулони соҳа ва вазорату идораҳои дахлдор бояд чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ҳоло дар миқёси кишвар қариб 50 ҳазор гектар ва дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 23 ҳазор гектар заминҳои партов мавҷуданд, ки қариб 21 ҳазор гектари онҳоро заминҳои обӣ ташкил мекунанд. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ холимонда ба ҷои кам шудан баръакс зиёд шуда истодааст.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ҷиликӯл минтақаи субтропикӣ буда, дар ин ҷо беҳтарин навъҳои ниҳолҳои мевадиҳандаро парвариш кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликӯлро зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева ва сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар баробари ин, бо истифода аз фурсати муносиб мехостам дар бораи ҳифзи муҳити зист баъзе андешаҳои худро иброз намоям. Тавре ки ба ҳама маълум аст, солҳои охир тағйир ёфтани иқлим ва вазъи носолими экологӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Махсусан гармшавии ҳаво ба иқлими минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфии худро расонида истодааст. Бо мақсади беҳбуд бахшидани ҳифзи муҳити зист ва беҳтар гардонидани вазъи экологӣ аз соли 2003 инҷониб як силсила пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул ва татбиқ гардиданд, ки дар доираи онҳо дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо корҳои зиёде сурат гирифтанд.
Дар марҳалаи кунунӣ барои беҳтар сохтани вазъи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист бояд дар атрофи шаҳру деҳот, талу теппаҳо, канори роҳҳои мошингард сабзонидани боғу дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ вусъат дода шавад. Ин омили бисёр муҳим буда, ба ин васила муҳит аз ифлосшавӣ ҳифз мегардад ва ин иқдом барои ҳарчи нармтар шудани ҳавои маҳалҳои аҳолинишин мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар кишварамон ҳар сол дар канори хиёбону роҳҳо садҳо ҳазор дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд, вале қисми онҳо дар натиҷаи беназоратӣ хушк шуда, аз байн мераванд. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки баъди шинонидани ниҳолҳои гуногун, ки бо ин мақсад маблағҳои зиёди давлатӣ сарф мегарданд, барои парвариш ва нигоҳубини онҳо бояд чораҳои доимӣ андешида шаванд. Танҳо дар ин сурат метавонем ҳам муҳити зистро мусоид гардонем ва ҳам маблағҳои зиёдро сарфа намуда, барои эҳтиёҷоти дигар самтҳои зиндагии иҷтимоии мардум ва сарсабзиву ободии кишвар равона созем. Аз тарафи дигар, ин имкон медиҳад, ки насли ҷавон дар рӯҳияи ҳифзи табиат, муҳити зист ва эҳсоси зебоипарастӣ тарбия ёбад.
Ҳамаи шумо хуб дарак доред, ки проблемаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз вазнин шуда истодааст. Илова бар ин, офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ ва камобӣ бисёр кишварҳои дунёро бо мушкилоти сангин рӯ ба рӯ сохтааст. Дар чунин шароит ҳарчанд ки мо дар саргаҳи захираҳои об қарор дорем, истифодаи оқилонаи об ва ҳарчи бештар манфиат бардоштан аз ин неъмати худодод, пешгирии шӯршавии замин ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи обёрӣ вазифаи ҳар як роҳбар ва мутахассисони соҳа мебошад.
Дар сурати истифодаи оқилона ва самараноки замин, баланд бардоштани сатҳи маданияти заминдорӣ ва беҳтар кардани ҳосилнокии зироатҳо кишоварзон метавонанд аз ӯҳдаи вазифаҳои дар назди худ гузоштаашон бароянд. Дар баробари ин, афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои асосии кишоварзон ба ҳисоб меравад. Бахусус ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, яъне рушди саноати коркард аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ва роҳи хуби ба даст овардани даромади зиёд, инчунин афзоиши ҷойҳои корӣ, махсусан дар вилояти Хатлон мебошад. 
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои нав, инчунин барои сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гардидани кишти баҳорӣ Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокмимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадоранд, ки иҷрои саривақтии Фармони Президенти мамлакатро "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои вилоят бо ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан  чораҳои зарурӣ андешанд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ҳамасола бунёд ва барқарор намудани боғу токзорҳоро таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати роҳ надодан ба изофанависӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи шароити иқлим дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдони кишти картошка, пиёз ва сабзиро зиёд намуда, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат чораҳои муассирро амалӣ намоянд.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обро зарур аст, ки назорати ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010-2014" ва иҷрои корҳои мавсимиро дар ноҳияҳои вилояти Хатлон пурзӯр намуда, дар ин самт мунтазам чораҳои зарурӣ андешад.
Вазорат ҳамчунин вазифадор аст, ки фаъолияти идораҳои давлатии хоҷагии оби вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ба таври пурра фаъолият намудани пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гардидани корҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Ҳамчунин барои таъмини хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо оби дарёи Панҷ чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷрои вазифаҳои мақсадноки соҳа, тоза намудани каналу заҳбӯрҳо, таъмир ва сохтмони иншооти гидротехникӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят  фаъолияти хоҷагиҳои  ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ ва зотпарвариро бори дигар мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, доир ба таҷдиди сохтори хоҷагиҳои зараровару қарздор пешниҳодоти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намоянд.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳамчунин самти муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад, тақсими заминҳои барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудошуда ва бо ҳамин роҳ тараққӣ додани хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва афзоиш додани даромади аҳолӣ мебошад. Дар давоми ду соли охир дар кишвар қариб 20 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ ба категорияи замини маҳалҳои аҳолинишин гузаронида шудаанд, ки ин миқдор барои беҳтар гардонидани шароити манзил ва афзоиши даромади зиёда аз 200 ҳазор оила ва қариб якуним миллион нафар одамон мусоидат мекунад. Аз ин ҳисоб зиёда аз 8 ҳазор гектар ба аҳолии вилояти Хатлон тақсим карда шуд ва ин раванд ҳоло идома дорад.
Вобаста ба ин, сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохторҳои маҳаллии он, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳру деҳот вазифадоранд, ки истифодаи оқилонаи заминҳои ҷудошуда, гирифтани даромади ҳарчи бештар аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, инчунин истифодаи лоиҳаҳои  меъмории замонавиро ҳангоми сохтмони манзилҳои истиқоматӣ назорат намоянд. Илова бар ин, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум доир ба зарурат ва аҳамияти сарфакорӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, вусъати кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои кишт ва захираи дусолаи маводи асосии ғизоӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин соҳибкорони вилоят низ метавонанд, ки дар азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкил кардани боғ ва кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ дар онҳо, инчунин таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстона гузоранд ва даромад гиранд.
Бо итминони комил метавон изҳори умед кард, ки кишоварзони соҳибтаҷрибаву баландҳиммати мамлакат, аз ҷумла деҳқонони асилу шӯҳратманди вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷиликӯл аз ҳоло сар карда, ба кишти баҳорӣ ва корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат мебанданд ва минбаъд низ корҳои кишоварзӣ ва деҳқонии худро дар сатҳу сифати баланд идома дода, барои афзун шудани файзу баракати дастурхони мардуми кишвар ва ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ҳиссаи арзандаашонро мегузоранд.
Хусусан имсол, ки Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо бистсола мешавад, ҳар кадоми мо вазифадорем, ки нисбат ба солҳои дигар дучанд заҳмат кашем,  хонаву   дари   худ,  кӯчаву  хиёбон  ва  маҳалли  зисти  худро  ба  пешвози ин ҷашни бузургу муқаддаси давлатиамон тозаву обод гардонем ва ҳар лаҳзаву ҳар рӯз шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва зиндагии орому осударо ба ҷо орем.
Имрӯзҳо, ки ҷашни мубораки миллиамон - Наврӯзи ҳуҷастапай торафт наздик меояд, ҳамаи моро водор месозад, ки бо риояву бузургдошти суннатҳои он низ корҳои ободониву созандагӣ, шинохти қадри замин ва пошидани донаи умедро ба он суръат бахшем ва  қаламрави сарзамини аҷдодиамонро ба диёри сабзпӯшу гулистони наврӯзӣ табдил диҳем.  
Дар охир ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ сарсабзиву барори кор ва ба мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷиликӯл файзу баракати рӯзгорро орзу менамоям.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3198
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед