паёмҳо
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати солгарди навбатии рӯзи таъсиcёбии Артиши миллӣ, шаҳри Душанбе, 23 феврали соли 2011
Имрӯз мардуми шарафман-ди Тоҷикистон якҷо бо шумо-генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ солгарди навбатии таъсисёбии Артиши миллии давлати соҳибистиқлоли худро дар фазои орому осоишта ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо муҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарӯзиатон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромиву осоиши халқи бунёдкору созандаи тоҷик, садоқат ба Конститутсия, Сарвари давлат ва дигар муқаддасоти миллӣ изҳори сипос менамоям.
Имрӯз мардуми заҳматқарини Тоҷикистон дар симои шумо афсарону сарбозони ҷасури меҳан, ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукронаи ҳаёти осоишта барои рушду ободии он софдилона машғуланд.
Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша қадрдонӣ мекунанд ва пос медоранд.
Ҳамзамон бо ин, лозим ба ёдоварист, ки таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд.
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ӯҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашни бузургу муқаддаси давлатиамон- бистсолагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро бо сарбаландиву дастовардҳои арзандаи ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи халқ истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори санаи мубораки таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиашон барор орзу менамоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6273