номаҳо
Садама зуд бартараф шуд
Барф меборид. Ҳаво соат ба соат сард мешуд. Бар замми ин нохост барқ ҳам хомӯш гашт. Шамъ гирондем. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зада, гуфтам, ки дар маҳаллаи мо барқ нест.
Навбатдор Ҳусайн Саидов баъди донистани нишонии ман, гуфт, ки сабаби қатъ гаштани барқро фаҳмида, аз натиҷааш хабар медиҳад.
Дар ҳақиқат, ӯ баъди чанд дақиқа ба ман занг зад ва иброз дошт, ки айни ҳол садама бартараф мегардад ва баъди соате ба маҳалла барқ медиҳанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо, мӯйсафедони маҳалла, ба кормандони барқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ташаккур мегӯем, ки садамаро сари вақт бартараф намуданд.
Холмурод ШАРИФОВ,
нафақахӯр, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3886