номаҳо
Чаро ба қафо?!
Дар ноҳияи Айнӣ вақтҳои охир ба навзодон маҷбуран ба ҳамон пасвандҳои русии -ов (-ев), -ова, (-ева), -ович (-евич) -овна, (евна) шаҳодатномаи таваллуд медиҳанд. Ба пурсиши мо: "Оё барои иваз намудани ному насаб аз шакли тоҷикӣ ба русӣ ягон дастур ё санад доред?" масъулон посух надоданд. Танҳо баҳонаро пеш оварданд, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистонро берун аз марзи он, аз он ҷумла дар кишвари Русия, бо баҳонаи нофаҳмо будани ному насабашон азоб медиҳанд.
Бар илова аксари хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба шакли номгузории русӣ бо маблағи ҳар кадом 65 сомонӣ дар шӯъбаи САҲШ-и ноҳия иваз карда истодаанд. Падару модарон ҳатто мегӯянд, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони онҳоро бо ному насаби тоҷикӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ қабул намекардаанд. Хулоса, кас намефаҳмад, ки ин ҳама кори дӯст аст ё душман.
Кӣ ба ин масъалаи ҷиддӣ бояд рӯшанӣ андозад?
Умарбек ШАРИФОВ, деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3905