паёмҳо
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи модар, 7 марти соли 2011
Модарони азизу гиромиқадр!
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад. Ҳамаи шуморо дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол - баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфтан барои ман боиси ифтихору сарбаландист.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Яъне ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки "Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид".
Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд. Мо шумо - модаронро баробари Ватанамон азиз мешуморем ва дӯст медорем.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рӯ, пайғамбари бузурги ислом - ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: "Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои Таоло аст".
Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар - сарчашмаи бузурги зиндагӣ, ҳанӯз дар гузаштаҳои дур аҷдоди мо ҳар сол рӯзи муайянеро ба поси заҳматҳои беинтиҳои ӯ, ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтаанд.
Чунонки Абӯрайҳони Берунӣ менависад, дар байни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар роиҷ будааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормаз ном дошт, яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан - модар васеъ ҷашн гирифта мешудааст.
Ҳарчанд ки бо мурури замон ин иди бошукӯҳи таърихии аҷдоди мо фаромӯш гардида буд, вале ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон аз нав зинда гардид ва мо ба хотири эҳёи анъанаҳои неки гузаштагонамон дар мамлакат доир ба иди Рӯзи модар қарор қабул кардем ва онро ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намудем. Соли сеюм аст, ки ин санаи муборак дар Тоҷикистони азизамон бо шукӯҳу самимияти хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи мубораку хуҷаста фарзандон, хешону наздикон ва дӯстон бо либосҳои зебову озода, чеҳраҳои хандону пурмеҳри худ модаронро табрик менамоянд ва дуои пурбаракати онҳоро мегиранд, зеро муқаддастарин ва воҷибтарин дуо барои инсон дуои модар аст.
Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Модар ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва мекӯшад, ки ӯро ба сӯи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамоӣ созад.
Заҳматҳои беназири зан - модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан - модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд.
Имрӯзҳо дар саросари кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мавриди баррасиву муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дорад, ки дар ин кори муҳим низ ширкати фаъолонаи занону модарон эҳсос мегардад. Мову шумо ҷараёни муҳокима, пешниҳоди дархосту мулоҳизот ва ибрози назари ҳамватанонамонро дар бобати лоиҳаи қонуни мазкур тавассути васоити ахбори омма мушоҳида мекунем ва мебинем, ки аксарияти кулли шаҳрвандони огоҳу донишманд ва соҳибтаҷрибаву рӯзгордидаи кишварамон нақши модар - офарандаи ҳаётро дар тарбияи фарзанд ва эҷоди ҷомеаи солим дар ҷойи аввал мегузоранд.
Бешак, ҳақ ба ҷониби онҳост. Вале дар ин раванд бояд як нуктаи муҳимро ба назар гирифт, ки фарзандон низ ба поси хизмату заҳмати шабонарӯзии волидайн, махсусан модарон дар айёми пиронсолӣ дастгиру ғамхори онҳо бошанд ва ҳамаи мо вазифадорем, ки насли ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.
Модарони арҷманд!
Соли равон дар таърихи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон соли махсус аст. Тамоми мардуми ватанпарвари кишвар ва ҳамватанони бурунмарзии мо 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо ифтихор ва шукӯҳу шаҳомати бесобиқа ҷашн мегиранд. Роҳи бистсолаи тайкардаи Тоҷикистон барои ҳамаи мо, бахусус барои шумо - модарони гиромӣ, роҳи осону ҳамвор набуд. Аз сари мо бисёр сахтиву маҳрумиятҳо гузаштанд. Лекин мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба оянда бовар доштем, талош варзидем ва ба ин рӯзҳои равшану саодатбор расидем.
Дар пеш моро боз уфуқҳои фарохтару пуранвор интизоранд. Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар кадоматон бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям!
Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед.
Худатон низ доим хушбахт ва саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6363