сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон
7 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноат, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Қосимҷон Қосимов, вазири кишоварзӣ, Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Амонҷон Эшонқулов, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2093