logo

сафарҳо

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

7 март баъд аз зуҳр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон омад.
Дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоси сафарҳои давлатӣ истиқбол гирифтанд. Фурудгоҳи шаҳри Исломобод ба ин муносибат бо парчамҳои давлатии ду кишвар, шиору овезаҳои таҷассумкунандаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамкорӣ оро ёфта буд. Ба истиқболи меҳмони олимақом садои 21 шиллики тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Исломобод танинандоз гардид.
Маросими давлатии истиқболи меҳмони олимақом дар қасри Президенти Покистон - "Айвони Садр" баргузор шуд. Барои истиқболи давлатӣ дар саҳни қасри "Айвони Садр" горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф кашиданд.
Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Юсуф Ризо Гелонӣ, Сарвазири кишвар, истиқбол гирифта, ба болои минбар даъват намуданд.
Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.  Пас аз иҷрои сурудҳои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни гузаштан аз назди Горди фахрӣ ҷониби Парчами давлатии Покистон арзи эҳтиром намуд. Маросими давлатии истиқбол бо шиносоии сарони ду давлат бо ҳайатҳои расмии кишварҳои ҳамдигар ба поён расид.
Масоили таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ, сарони ду давлат, сипас дар музокироти расмии онҳо бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Аз сатҳи муносибот ва ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амният ва тиҷорат, хусусан дар солҳои охир, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Муколамаи пайвастаи сиёсӣ, аз ҷумла мулоқоти мунтазами роҳбарияти ду кишвар, омили муҳим дар ин раванд арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки дар соли 2010 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар нисбат ба соли 2009 сеюним маротиба ва рафтуомади шаҳрвандони Покистон ба Тоҷикистон 3 баробар афзуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба оғози марҳилаи нави муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар асос мегузорад. Бо қаноатмандӣ аз болоравии сатҳи муносиботи сиёсӣ, тавсиаи заминаи ҳуқуқӣ-қарордодӣ ва шароити хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "Покистон давлати муҳими минтақа мебошад ва метавонад, ба мисли дигар дӯстони наздики мо, яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гардад".
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва интиқоли нерӯи барқ, ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар, иштироки якҷоя дар коркарди канданиҳои фоиданок ва нахи пахта, бозсозии корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳо дорои манфиати зиёд барои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории ду кишвар маънидод гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника, тандурустӣ ва туризм зоҳир гашт.
Дар асоси мутақобил гузарондани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Покистонро зарур шумурданд.
Бо ҳамфикрии ду ҷониб таъкид гардид, ки "Тоҷикистону Покистон, ҳамчун кишварҳои муҳими минтақа, ба тақвияти суботу амният ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ манфиатдоранд".
Аз ҳамкории зичи сохторҳои низомӣ ва идораҳои махсуси Тоҷикистону Покистон, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро барои мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи барномаю лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии дорои аҳамияти минтақавӣ, таъкид доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2251
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед