сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон дар Карочӣ
Аз 7 то 10 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз хусуси ин сафар дар шумораҳои 33, 34 ва 35-и худ матлабҳо ба табъ расондааст. Инак, гузориши охирин пешкаши хонандагон мегардад.
Дар шаҳри Карочӣ - маркази маъмурии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон бинои нави Консулгарии генералии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Карочӣ, ки бузургтарин маркази тиҷоратӣ, саноатӣ ва дорои бандарҳои баҳрии Покистон аст, омили муҳим баҳри густариши робитаҳои судманди Тоҷикистон бо ин шаҳр ва ҳам ин музофоти бузургу зудрушдёбандаи Покистон маънидод гардид.
Дар фароварди сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон ба бандари Карочӣ ташриф оварда, бо он аз наздик ошноӣ пайдо намуд ва бо роҳбарияти бандар доир ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд дар бахши боркашонӣ ва транзит гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Умуман, сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пазироии гарму самимии роҳбарият ва мардуми Покистон дар фазои таваҷҷӯҳи хоса ҷараён гирифт. Инъикоси васеъи рафти сафар дар воситаҳои ахбори умуми Покистон, шиору овезаҳои сершумори таҷассумгари дӯстию рафоқати ду кишвар ва тавофуқоти сершумори ҳосилшуда аз сатҳи баланди пазироӣ ва натиҷаҳои пурарзиши ин сафар гувоҳӣ медиҳад.
Баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 10 март аз шаҳри Карочӣ ба Ватан омад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1959