суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, 24 марти соли 2011
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар айёми ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллиамон Наврӯзи Аҷам ва бистумин баҳори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ин рамзи хуҷаста ва фоли нек дар оғози тақвими хуршедӣ нишонаи соли нек, баҳори пурфайзу баракат, зиндагии ободу осуда, эҳёи дубораи табиат ва навбаҳори сарсабзи истиқлол, озодиву ҳувияти миллӣ ва рукни пойдори давлатдории навини мардуми шарифи мамлакат мебошад.
Ҳамаи шуморо ба шарафи Наврӯзи бузург ва ҷовидонагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тавре ки дар хотир доред, моҳи июли соли гузашта дар машварати корӣ масъалаҳои асосии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ қарор дода, бо мақсади таъмини пешрафти онҳо як қатор вазифаҳои таъхирнопазирро ба миён гузошта будем.
Дар давраи сипаришуда, дар натиҷаи азму талошҳои Ҳукумат ва меҳнати созандаву бунёдкоронаи мардуми кишвар ба мо муяссар шуд, ки суръати афзоиши нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро устуворона таъмин карда, ба як қатор дастовардҳо ноил шавем. Вале дар баробари ин, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани рақобати раванди ҷаҳонишавӣ, норасоии қувваи барқ, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, хисороти моливу ҷонии офатҳои табиӣ ва баланд шудани арзиши маводи асосии истеъмолӣ дар ҷаҳон моро вазифадор менамояд, ки вазъи баамаломадаро мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор дода, барои ислоҳ кардани мушкилоти мавҷудаи ҳаёти мардуми кишварамон ва оқилонаву самарабахш истифода бурдани захираву имкониятҳои табииву ақлонии худ чораҳои саривақтӣ андешем.
Тибқи таҳлилҳои Вазорати молия, нишондиҳандаҳои андозу молияи вилоят дар соли 2010 нисбат ба дурнамо зиёд таъмин гардида, дар баробари ин, нақшаи даромадҳои буҷетӣ дар ду моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 118 фоиз иҷро шудааст. Вале дар баробари ин, дар вилоят нақшаи 4 намуди андоз иҷро нашуда, то 1 марти соли 2011 маблағи бақияпулиҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ зиёда аз 126 миллион сомониро ташкил мекунад. Аз ин рӯ, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои қарзҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Бояд гуфт, ки дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди вилоят аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти хурди қарздиҳанда 106 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар давоми соли гузашта ва ду моҳи соли ҷорӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёда аз 120 фоиз таъмин намуданд, ки ин, албатта, хуб аст. Лекин тибқи маълумоти оморӣ аз 237 корхонаи саноатии вилоят 36 корхона суръати афзоишро паст намуда, 56 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст, ки дар натиҷа аз 68 номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ истеҳсоли 28 намуди он коҳиш ёфтааст.
Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки дар корхонаҳои саноатӣ сиёсати воридотивазкунандаро ба роҳ монда, дар хусуси бо технологияи муосир ва аз лиҳози истеъмоли барқ каммасраф ташкил намудани истеҳсолоти нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва бо маҳсулоти хушсифати саноатии ватанӣ таъмин кардани бозори дохилии кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.
Чунонки ба мо маълум аст, ҷиҳати татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нав ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ дар вилоят як силсила корҳои назаррас иҷро шуда истодаанд. Дар ду моҳи соли равон дар вилоят 3 корхонаи нав ба кор оғоз намуда, дар онҳо садҳо ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола боз чор корхонаи дигар ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин муваффақиятҳо дар соҳаи саноати вилоят ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳои ислоҳталаб ҷой доранд. Махсусан, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои "Кабоол Тоҷик Текстайлз", "Пойафзоли Хуҷанд", "Қолинҳои Қайроққум", "Нуртекс" ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ҳамин аст, ки пашм ва пӯсти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои чорвопарвар дар мамлакат ҳамасола бинобар сабаби беаҳамиятӣ ва коркард нагардидан нобуд мешавад, ё ба нархи ниҳоят паст ба хориҷа содир мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки "ВТ Силк"-и шаҳри Хуҷанд, ки ба коркарди пилла махсус гардонида шудааст, аз 8 то 10 фоиз истифода мегардад. Сабаби чунин муносибат, аз як тараф иҷро нашудани нақшаи пилласупорӣ, аз ҷониби дигар дар шакли ашёи хом, яъне бе коркард ба хориҷ интиқол додани пилла мебошад. Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати коркарди пурраи нахи истеҳсолшаванда ва маҳсулоти чорво дар корхонаҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ намоянд. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, тақрибан дар аксарияти корхонаҳо, бахусус корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, иқтидори истеҳсолӣ аз беэътиноии роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ самаранок истифода бурда намешаванд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ набояд ба тақдири ояндаи корхонаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бетараф бошанд ва нисбат ба корхонаҳое, ки аз ӯҳдаи кор баромада наметавонанд дар доираи қонунгузорӣ муносибат намуда, ҷиҳати ба кор омода намудани онҳо чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти муҳайё намудани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо қарорҳои дахлдори худ заминаи маъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"-ро фароҳам намуда, итминон бар он дорад, ки ин минтақа ба яке аз марказҳои рушди саноатию инноватсионии кишварамон табдил меёбад.
Дар баробари ин, самти дигари рушди саноат воридот ва истифодаи технологияи навтарин ва дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошад, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати вусъатбахшӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти бевоситаи Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Ҳоло бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолии вилоят бо нерӯи барқи худӣ бунёди як қатор иншооти энергетикӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки аллакай қисме аз онҳо ба истифода дода шуданд.
Бо бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи "Ҷануб-Шимол" ба мо муяссар шуд, ки шабакаи таъмини барқи вилоятро ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст намоем. Дар айни замон бо мақсади пайваст намудани шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар сохтмони хатти интиқоли барқи 220 - киловолтаи "Хуҷанд - Айнӣ" ва бунёди якчанд иншооти дигари энергетикӣ оғоз гардида, корҳои сохтмону васлкунии таҷҳизот барои навбати дуюми зеристгоҳи "Дилварзин" дар ноҳияи Мастчоҳ босуръат идома доранд. Илова бар ин, сохтмони хатти интиқоли барқи 220 - киловолтаи "Хуҷанд - Нерӯгоҳи Қайроққум" ва хатти интиқоли барқи 110 - киловолтаи "Конибодом - Ашт" корҳои лоиҳавию тадқиқотӣ низ шурӯъ шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, тибқи Барномаи кӯтоҳмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2009-2011 дар ҳудуди вилоят бояд 25 нерӯгоҳ бунёд гардад, ки дар айни замон 22 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳоло 90 фоизи корҳои сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии "Марзич" иҷро шудааст, ки ҷиҳати бо барқ таъмин кардани ноҳияҳои водии Зарафшон аҳамияти муҳим дорад ва мо ният дорем, ки онро дар мӯҳлатҳои наздиктарин мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии Ҳукумат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооти номбурда чораҳои иловагӣ андешанд.
Мувофиқи маълумоти Ширкати "Барқи Тоҷик", ба соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии вилоят дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ 413 миллион киловатт-соат нерӯи барқ интиқол шудааст, вале пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ 67 фоизро ташкил мекунад. Қарзи умумии вилоят аз нерӯи барқи истифодашуда дар ду моҳи соли 2011 ба ҷои кам шудан, баръакс зиёд гашта, то аввали март ба 182 миллион сомонӣ расидааст. Қарзи мазкур асосан аз ҳисоби сохторҳои маҳаллии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, корхонаҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, инчунин истифодаи ҳарчи бештари таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамаҷониба чораҷӯӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо иқдоми истифодаи лампаҳои каммасраф дар мамлакат натиҷаҳои мусбати худро дар масъалаи сарфаи нерӯи барқ ва маблағ собит карда истодааст. Болоравии нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки воқеияти ҳаёт мебошад, инчунин ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир аз ҳамаи мақомоти давлатии дахлдор, соҳибкорону тоҷирон ва аҳолии кишвар тақозо менамояд, ки таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамони каммасрафи барқиро бештар ворид ва истифода намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ, яъне вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ афзоиш ёфтани истеъмоли маводи озуқа ва вобаста ба ин, баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, ки дар давоми панҷ - даҳ соли охир шиддат гирифта истодааст, ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин самт чораҳои пешгирикунанда андешем. Яъне бо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва захираҳои об истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бояд зиёд карда, кишти такрориро вусъат диҳем ва захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила ташкил намоем.
Ҳоло вақт ғанимат аст ва корро тавре бояд ташкил кард, ки тамоми заминҳои холимондаи давраи тирамоҳ бо кишти барвақтии сабзавоту полизиҳо ва дигар зироатҳо таъмин карда шаванд, то ин ки як ваҷаб замини корам холӣ намонад.
Ба масъулони соҳа ҳамчунин зарур аст, ки дар баробари татбиқи саривақтии барномаи бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғҳои кӯҳна ба нигоҳубину парвариши ниҳолҳои шинонидашуда аҳамияти бештар зоҳир намоянд.
Таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар бояд ба маҳаки асосии пешбарандаи соҳа табдил ёфта, ба баландшавии сатҳи зиндагии деҳқонон мусоидат намояд. Дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят, аз ҷумла Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ ва Исфараву Конибодом ҳар як ваҷаб замин барои парваришу нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда бо маданияти баланди кишоварзӣ истифода мешавад ва ин сифати кишоварзони вилоятро ҳангоми сафарҳои хизматиам дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ифтихор зикр менамоям. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо суръати кишту кори баҳорӣ ва дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ анҷом додани он, инчунин ниҳолшинониро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Вобаста ба масъалаи вазъи заминҳои обёришавандаи вилоят бояд гуфт, ки масъалаи самаранок истифода бурдани замин, махсусан заминҳои обӣ ва ҳолати мелиоративии онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Ҳарчанд ки дар қаламрави вилоят лоиҳаҳои давлатии сармоягузории бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, рушди соҳаи пахтакорӣ, барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, барномаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо бо маблағҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд, вале то ба ҳол вазъи мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки онҳо ташвишовар боқӣ мемонад: айни ҳол дар миқёси вилоят 17 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад ва қариб 4900 гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин сари вақт ва бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои камтарин гузаронидани кишти баҳорӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои корҳои мелиоративӣ ва заминсозӣ вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати риояи қатъӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, мавриди истифода қарор додани заминҳои холимонда, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва пешгириву бартараф кардани вайронкунии қонунгузории замин ва дар айни замон, доир ба рушди соҳаи картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ, ки дар вилоят барои ин имкониятҳои васеъ мавҷуданд, чораҳои бетаъхир андешанд.
Чунонки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандони шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 11 ҳазор гектар замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Вале, тибқи маълумот, ҳанӯз дар баъзе маҳалҳо ҳангоми тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби роҳбарону масъулон тақсими ноадолатонаи он идома дорад. То имрӯз ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат дар ин бобат аризаҳои зиёди шикоятӣ расиданд, ки аз амали нопоки раисони баъзе ҷамоатҳо, кормандони кумитаҳои заминсозӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори норизоят мекунанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот, инчунин Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, сохторҳои маҳаллии он, мақомоти прокуратура, амният ва корҳои дохилӣ ҷиҳати тақсимоти боадолатонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон ва риояи қоидаҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла бо иштироки ҳатмии комиссияҳои ҷамъиятӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.
Имрӯзҳо фаъолияти ҳар як сокини бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ба ин хотир, дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат меёбанд. Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 дар давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ба истиснои сармоягузориҳои хориҷӣ, ба истифода додани фондҳои асосӣ дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли гузашта ба маблағи 418 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.
Махсусан дар самти бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар вилоят нишондиҳандаҳо хубанд ва дар давоми соли гузашта дар масоҳати 330 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода супурда шудааст, ки нисбат ба соли 2009-ум қариб 120 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла таҷдиди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, идоракунии ҳавзаҳои об, рушди иҷтимоиву иқтисодии деҳот, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, инчунин тараққиёти устувори соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 23 лоиҳаи инвеститсионӣ ва кӯмаки техникӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо то якуми январи соли 2011 қариб дуюним миллиард сомонӣ маблағҳо азхуд карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда зиёда аз садҳо километр роҳу пулҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва даҳҳо иншооти соҳаҳои мухталифи вилоят бунёд ва мавриди азнавсозӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони роҳи автомобилгарди "Душанбе - Чанак" қариб ба итмом расида, инчунин корҳои сохтмонӣ дар нақби "Шаҳристон" босуръат идома доранд. Бояд гуфт, ки то якуми марти соли ҷорӣ дар нақби мазкур 4400 метр нақби автомобилгард ва 4650 метр нақби ҳаводиҳанда канда шудааст.
Бо дарназардошти ҳифз намудани ҳолати иншооти бунёду таҷдидшавандаи соҳа ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд" тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонидани сохтмони нақби "Шаҳристон" мусоидат намоянд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2008 бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети марказиву маҳаллӣ, инчунин соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар ҳудуди вилоят 217 иншооти маишиву маъмурӣ ва корхонаву муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Илова бар ин, то имрӯз барои таъмиру таҷдиди шабакаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, ки тибқи лоиҳаи "Беҳтаргардонии вазъи таъмини оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд" 40 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аллакай 98 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд. Дар баробари ин, лоиҳаи обрасонии соҳили рости шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарназардошти ҳамаи васоили таъминоти об маблағ 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари татбиқи ин лоиҳаҳо имрӯз зарурати тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Табошар, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Қайроққум ва Ашт ба миён омадааст, ки ҳанӯз солҳои 1970-80-и асри гузашта таҳия гардидаанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба сохтмон ва фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ, истифодаи ашёи маҳаллӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии арзон, пешгирии ҳолатҳои изофанависӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани Барномаи беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2007-2020 дар ҳудуди вилоят бояд чораҳои судманд андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат ба рушди устувор ва пайгиронаи соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, ба соҳаи маорифи вилояти Суғд соли гузашта 204 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ин рақам нисбат ба панҷ соли пеш қариб 4 баробар зиёд мебошад.
Дар зарфи даҳ соли охир дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёд ва таҷдиду таъмири садҳо мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки қисмати зиёди он ба вилояти Суғд тааллуқ дорад. Барои мисол дар 5 соли охир барои 30 ҳазор нафар хонанда ҷойи нишаст фароҳам оварда шуд, ки бо ҳамин восита яке аз мушкилоти муҳими соҳаи маорифи натанҳо вилояти Суғд, балки тамоми мамлакат ҳаллу фасли худро ёфт.
Дар ҳудуди вилоят соли гузашта 16 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 4100 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки нисбат ба нишондоди Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2005-2015-ум қариб 1900 ҷойи нишаст зиёд мебошад.
Дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумат солҳои охир саҳми шахсони алоҳида, махсусан соҳибкорон дар бобати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, ки ин амали хайру савоб шоёни ибрат мебошад.
Вале бо вуҷуди афзоиши дастгирии давлатӣ ва хусусии соҳаи маориф дар масъалаи сатҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд, ки ин масъалаҳо бояд таҳти таваҷҷӯҳи доимии Вазорати маориф ва дигар мақомоти дахлдори вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он қарор дошта бошанд. Барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чанде пештар лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом тарбияи насли солиму тарбиядида ва ба воя расонидани кадрҳое мебошад, ки ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта хоҳад шуд.
Дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи қонуни зикршуда мардуми вилоят фаъолона ширкат карда, бисёр мулоҳизоту андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд ва имрӯзҳо комиссияи босалоҳият бо дарназардошти пешниҳодоти мардум лоиҳаро такмил дода истодааст.
Итминон дорам, ки баъди аз ҷониби порлумони кишвар қабул шудани он шумо - роҳбарону фаъолони вилоят дар татбиқи он низ саҳми арзандаи худро мегузоред. Зеро қонуни мазкур баъди қонун "Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо", ки барои халқи мо манфиати зиёд овард, ҳамчун дуюмин қонуни миллии мо дар самти тарбияи кӯдакону наврасон, бо роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо ва тарбияи насли солиму солеҳ нақши созанда хоҳад бозид.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Чунон ки медонед, имрӯз дар сайёраи мо доираи ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон густариш ёфта истодааст. Солҳои охир дар кишвари мо, хусусан дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доираи фаъолияти баъзе равияҳои ба мазҳаби мо бегона васеъ шуда истодааст, ки ин раванд ба рӯҳияи маънавию мазҳабии мардуми мо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар вилоят ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии таблиғотии баъзе иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои мактабӣ, инчунин дар маҳалҳои зисту хонаҳои шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Табошар ва Конибодом ҳанӯз ҷой доранд.
Илова бар ин, дар ҳудуди вилоят аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ба таври ғайриқонунӣ ба чопу интишори маводу адабиёти динии барои мардуми мо бегона машғуланд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли гузашта 200 номгӯй китобу дигар маводи чопии таблиғотӣ бо теъдоди ниҳоят зиёд мусодира карда шуд, ки мазмуни онҳо ба қонунҳои амалкунандаи давлати мо зид мебошад.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи Кумитаи оид ба корҳои дин дар фаъолияти иттиҳодияҳои динии вилоят як қатор камбудиву норасоиҳо ошкор карда шуданд. Дар ҳудуди вилоят масҷидҳои зиёд ҳоло ҳам бе қайди давлатӣ фаъолият доранд. Мо тамоми заминаҳои ҳуқуқии ба расмият даровардани онҳоро фароҳам овардаем, яъне имрӯз дар самти бақайдгирӣ бояд ягон мушкилот мавҷуд набошад. ғайр аз ин, дар баъзе мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳоло ҳам воҳиди корӣ оид ба корҳои дин масъул надорад. Аз ин рӯ, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷойҳои холии кории вобаста ба корҳои динро бо мутахассисони варзида ва шахсони санҷидаву босалоҳият таъмин намоянд.
Бо дарназардошти вазъи мавҷуда, аз ҷумла ҳодисаҳои нохушу фоҷиабори моҳҳои охир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Исфара рӯйдода ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти прокуратура ва судҳо, инчунин Агентии назорати маводи нашъаовар супориш дода мешавад, ки доир ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирӣ намудан ва тақвияти мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, пеш аз ҳама терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, таъмин кардани риояи қатъии қонуният, такмили маҳорати касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҳамеша ба зиракии сиёсиву касбӣ даъват намудани онҳо тадбирҳои муассир ва доимӣ андешанд.
Имрӯз ба шарофати неъмати бебаҳои истиқлолият ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон дар кишвари мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдору устувор аст.
Вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин - шумо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар шароити имрӯза аз он иборат аст, ки бо ҷалби васеи фаъолону зиёиён ва шахсони обрӯманду рӯзгордида корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намоед.
Мардумро ҳарчи бештар ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, шукронаи неъмати бебаҳои соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, хусусан дар остонаи ҷашни бузургу муқаддаси давлатиамон - бистсолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ба заҳмати бунёдкоронаву созанда, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ, вусъат додани ниҳолшинонӣ, киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти худӣ, сарфаю сариштакорӣ ва захираи маводи зарурии озуқа даъват кунед.
Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати ҷашни Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.
Ташаккур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3273