сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафар кард
26 марти соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон, Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ, Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Низом Қосим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1939