энергетика
Муроҷиатномаи "Барқи Тоҷик"
Роҳбарияти Ширкати "Барқи Тоҷик" ба тамоми аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намуда изҳор месозад, ки имрӯзҳо бо сабаби ғайричашмдошт паст шудани ҳарорати ҳаво ва бино бар ин, якбора кам шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат хеле коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондодҳои таҷҳизоти обсанҷӣ, дар ҳамин рӯзҳо ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш дар як сония 150 -160 метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҳамин давраи соли гузашта се баробар ва аз ҳисоби миёнаи санҷиши бисёрсола ду баробар кам мебошад. Чунонки мушоҳидаҳои ҳарсолаи илмӣ собит месозанд, аз соли 1932 то имрӯз ба ин андоза коҳиш ёфтани ҳаҷми об дар моҳи март ба назар нарасидааст.
Бо назардошти вазъи баамаломада, зарурати ҷорӣ намудани реҷаи махсуси тақсими нерӯи барқ ба миён омад. Бино бар ин, роҳбарияти Ширкати "Барқи Тоҷик" аз тамоми мардуми шарифи кишвар ва муштариёни нерӯи барқ маъзарат мепурсад. Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи ҳамватанони азизамон итминон медиҳем, ки бо зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш таъминоти муқаррарии барқ барқарор хоҳад шуд, ки дар ин бора ба сокинони мамлакат ҳатман ба таври иловагӣ иттилоъ хоҳем дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3787