logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар маҳаллаи "Ҷавонӣ", ноҳияи Мастчоҳ, 25 марти соли 2011

Омӯзгорон ва падару модарони мӯҳтарам!
Фарзандони азиз!

Имрӯз мову шумо дар доираи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили бузургтарин ҷашни миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз, ки бо ташаббус ва пешниҳоди давлати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст ва дар арафаи истиқболи бистумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон дар маросими ифтитоҳи боз як мактаби наву замонавии хуштарҳу зебо иштирок дорем.
Ба ҳамин муносибат ҳамаи шумо - устодону толибилмон, падару модарон ва ҳамдиёронро бо ҷашни миллии Наврӯзи Аҷам, ҳамчунин дар диёри мардуми меҳнатқарину маорифпарвари Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик менамоям.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо илму дониш, яъне дастоварди бузурги тамаддуни башарият робитаи ногусастанӣ дошта, маълумоти аввалини ниёгони мо дар китоби муқаддаси "Авасто" ҷамъ оварда шудаанд.
Афкори илмии нобиғаҳои хиради миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёӣ Розӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш ва кашфиёту ихтирооти онҳо, ки асоси самтҳои мухталифи илмҳои дақиқ ва бунёдиро гузоштаанд, аҳамияти илмии худро то ба имрӯз ҳифз кардаанд.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро ҳамчун омили асосии пешрафти давлату ҷомеа ва самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии худ дониста, ба рушду пешрафти он пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд ва ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таъмири мактабҳо, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, зиёд кардани музди меҳнати омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту асбоби таълимӣ ва китобҳои дарсӣ тадбирҳои мушаххас андешида, маблағгузории соҳаро сол ба сол афзун менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи ислоҳоти соҳаи маориф ва андешидани дигар чораҳои зикршуда солҳои охир сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Бунёди мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар маҳаллаи навбунёди "Ҷавонӣ"-и ноҳияи Мастчоҳ, ки боз як нишонаи дастгириву ғамхориҳои мунтазами давлат мебошад, яке аз садҳо иншооти ҷашнии кишварамон ба ҳисоб рафта, дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯз ва омодагӣ ба бистумин соли соҳибистиқлолии Ватани азизамон тӯҳфаи идона ба фарзандони мардуми сарбаланди ноҳия мебошад. Бинои нави мактаб аз ҳисоби буҷет ба маблағи қариб якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, ҳамзамон бо ин, барои сохтмони толори варзишии он иловатан 350 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Мактаб бо тамоми шароити мусоиди дарсомӯзӣ, синфхонаҳои муосири барҳаво, синфи компютерӣ ва утоқҳои омӯзгорон муҷаҳҳаз мебошад ва барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Инчунин дар шафати мактаб варзишгоҳ бунёд гардидааст, ки хонандагон ва ҷавонони ноҳия метавонанд ба машқу тамрин ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул гардида, аз он самаранок истифода намоянд.
Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ 44 мактаби таҳсилоти умумӣ  фаъолият намуда, дар онҳо қариб 21 ҳазор нафар толибилм таҳсил мекунад.
Солҳои охир дар ноҳия 5 мактаби миёна, 7 мактаби асосӣ,  кӯдакистон, литсей ва 50 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин, барои шогирдони мактабҳо аз рӯи 186 номгӯй 152 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ва 415 адад компютер хариданд. Ҳоло дар ноҳия барои 20 нафар хонанда 1 адад компютер рост меояд ва иҷрои барномаи давлатӣ пурра таъмин гардидааст.
Дар давоми солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмӯъ 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 70 фоизи мактабҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Ҳамчунин дар давоми панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои 27 ҳазор хонанда мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳоло дар вилоят як раванди неки аз ҷониби соҳибкорон ва дигар шахсони ҳимматбаланд сохтану бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои  соҳаи маориф вусъат гирифта истодааст, ки ин иқдоми хайру савоб албатта, лоиқи дастгирӣ ва қадрдонист.
Вобаста ба ин, ба ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои бунёди мактаби нав ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани он саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ҳамчунин, ба роҳбарон ва шахсони мутасаддии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, устодон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактаби навбунёди имрӯза таъкид месозам, ки ба масъалаҳои ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва пешрафтаи таълими фанҳои дақиқ, барномаҳои компютерӣ, такмили омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, ки масъалаҳои муҳимтарини соҳа ба ҳисоб мераванд, диққати махсус диҳанд.
Донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро барои беҳтар гардидани сатҳу сифати донишомӯзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи меъёрҳои муосир ҷавобгӯ равона созанд ва навҷавононро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми ду соли оянда таъмиру азнавсозии мактабҳои боқимонда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва бо асбобу таҷҳизоти таълимӣ таъмин намудани онҳоро ба анҷом расонанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи ободкориву созандагиҳое, ки имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли мо амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла ин мактаби навбунёд ба хотири насли наврас ва ба камол расонидани мутахассисону кадрҳое мебошанд, ки оянда тақдири Ватанро ба даст гирифта, миллати номдори худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Аммо тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, солҳои охир дар баъзе оилаҳо волидайн бо сабабҳои гуногун ба таълиму тарбия беэътиноӣ зоҳир намуда, ин кори муҳим ва рисолати тақдирсозро ба дӯши муассисаҳои таълимӣ ҳавола мекунанд. Бинобар ин, ҷиҳати ба низом даровардани масъулияти падару модар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба муҳокимаи сокинони мамлакат пешниҳод гардид, ки ҳамаи шумо аз мазмуну мӯҳтавои он хабар доред.
Дар лоиҳаи қонун аз ҷумла зикр шудааст, ки падару модар ӯҳдадоранд, ки донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон асоси тарбияро тафаккури нави сиёсиву маънавӣ ташкил медиҳад, ки маҳаки он аз ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат ва манфиатҳои умумимиллӣ иборат аст.
Ҳадафи асосии сиёсати давлат тарбияи насли дорои донишу маърифати баланд, одоби ҳамида, ҷаҳонбинии дунявӣ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим мебошад. Зеро давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, ватандӯсту меҳанпараст ва созандаву эҷодкор ниёз дорад.
Аз ин рӯ, дар ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд фаъолияти ҳамоҳанги устодону омӯзгорон бо падару модарон ба роҳ монда шавад ва ин ҳамкориву ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд метавонад бунёди маърифати зеҳнӣ ва ахлоқи ҳамидаи наврасону ҷавононро тақвият бахшида, барои омода сохтани онҳо ба ҳаёти мустақилона мусоидат намояд.  Дар робита ба ин, мехоҳам як масъаларо хотирнишон созам. Мардуми мо ва бисёр халқҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, аз қадимулайём ин ҷашнро  иди деҳқон низ мешуморанд.
Падару модар ва омӯзгор низ монанди деҳқоне мебошанд, ки на дар замин, балки дар дили фарзандон ва шогирдони худ меҳри зиндагӣ, Ватан ва обу замини он, муҳаббат ба китобу дониш ва ақлу хирадро бо умеди бепоён парвариш менамоянд.
Дар сурате ки агар шогирд аз падару модари худ сабақи дурусти ҳаёт гирифта, аз устоди хеш бо ҷиддият илму дониш омӯхта бошад, вай дар зиндагии худ ҳаргиз ба мушкилот рӯ ба рӯ намешавад. Чунин фарзанд, албатта, ҳамчун фарди сазовори ҷомеа ва номбардори падару модари худ ба воя мерасад.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи заҳматкашони диёри ганҷофарини Мастчоҳро бори дигар ба ифтихори фарорасии Соли нави аҷдодӣ ва ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи ҳуҷаста, рамзи покиву ростӣ ва ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ - кохи илму дониш ва ганҷинаи маърифат, самимона табрик менамоям ва ба хонадони ҳар яки шумо нуру зиё, хушҳоливу хушрӯзӣ ва файзу баракати наврӯзӣ мехоҳам.

Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3151
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед