номаҳо
"Сарсонӣ дар дарёфти сертификати замин"
Ба самъи Шумо мерасонам, ки аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар робита ба чопи мақолаи танқидии сокинони Ҷамоати деҳоти "Даҳана"-и шаҳри Кӯлоб Давлат Гадоев ва Сафаралӣ Ҳакимов таҳти унвони "Сарсонӣ дар дарёфти сертификати замин" дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият", аз санаи 5-уми феврали соли 2011, ҳолати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" дар фаъолияти Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар ҷараёни санҷиш ваҷҳҳои овардашуда исботи комили худро ёфтанд.
Аз ин лиҳоз, бо натиҷаи санҷиш рӯзи 28-уми феврали соли 2011 нисбати раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб Х.Рустамов барои вайрон кардани қонунҳо оиди муроҷиати шаҳрвандон бо аломатҳои таркиби ҷиноятии дар моддаҳои 163 қисми 1 ва 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки айни ҳол тафтишоти пешакии он идома дорад.
М. ШАРИФОВ,
муовини прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4203