энергетика
"Барқи тоҷик": Овозаҳо асос надоранд
Дар ШСХК "Барқи тоҷик" вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбарияти "Барқи тоҷик" зимни баррасии вазъи феълии таъминоти аҳолии мамлакат бо нерӯи барқ овозаҳо дар мавриди фурӯхтани оби обанбори "Норак" ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва интиқоли нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Покистонро қатъиян рад кард. Таъкид шуд, ки фурӯши об ва интиқоли барқ аз нигоҳи фаннӣ номумкин буда, ҳадсу гумонҳо дар ин маврид комилан бепоя аст.
Сабаби аслии ба реҷаи махсуси барқ гузаштан ғайриинтизор паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам шудани маҷрои дарёи Вахш арзёбӣ гардид. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми миёнаи маҷрои руди Вахш дар моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна 172 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2010 ин нишондод ба 310 метри мукааб дар як сония баробар буд.
Гуфта мешавад, ки баробари гарм шудани ҳаво ва барқарор шудани сатҳи обанбори "Норак" лимити барқ аз миён бардошта мешавад.
Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3526