logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", шаҳри Душанбе, 8 апрели соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз вохӯрӣ ва суханронии қаблиам, ки ба муносибати пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" 14 декабри соли 2010 сурат гирифта буд, беш аз се моҳ сипарӣ гардид. Дар ин муддат аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла ҳамватанони бурунмарзиамон, таклифҳои мушаххас ва муҳим ба комиссияи корӣ пешниҳод шуданд.
Ҳангоми муҳокима 80 мақомоти давлатӣ, садҳо корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳо, инчунин 11 ҳазор шаҳрванд тариқи хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф, Маркази миллии қонунгузорӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, сайёҳӣ ва туризм, телевизион ва радио, нашрияҳои расмӣ ва ғайра таклифу пешниҳодоти худро баҳри мукаммал намудани қонун манзур намуданд.
Дар давраи сипаригардида дар тамоми мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхона, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби олимон, собиқадорон ва бо иштироки аксарияти кулли шаҳрвандон лоиҳаи қонун мавриди муҳокима қарор дода шуд. Лоиҳа бамаврид ва саривақтӣ ҳисобида шуда, аз тарафи аксари кулли иштирокчиён дастгирӣ ёфта, дар навбати худ дар рафти муҳокимаҳо ҷиҳати такмили лоиҳа таклифҳои зиёде пешниҳод карда шуданд. Дар маҷмӯъ дар муҳокимаи лоиҳаи қонун зиёда аз 2 миллион  шаҳрвандони мамлакат иштирок намуданд.
Дар ин муддат 15 ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар онҳо ҳамаи таклифу пешниҳодоти воридгардида мавриди муҳокима қарор дода шуданд, аз ҷумла зиёда аз 8000 таклиф  пурра ё қисман ба инобат гирифта, бо назардошти онҳо лоиҳа такмил дода шуд. Табиист, ки бо қабули Қонуни мазкур зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда ба миён меояд.
Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетафовут набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд.
Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ки воқеияти масъаларо бо ақли солим дарк карда, дар муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" фаъолона иштирок карда, баҳри такмили он таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд, изҳори сипос намоям.
Тамоми таклифу пешниҳодҳои воридгардида аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби олимону ҳуқуқшиносони варзида таъсис ёфта буд, ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, лоиҳаи мукаммали қонун омода карда шуд.
Бояд зикр кард, ки дар низоми қонунгузории миллӣ баъд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ин дувумин лоиҳаи қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки зарурати ин санади муҳим  дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа лоиҳаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши умум пешниҳод гардид.
Дар ин росто волидайн, тамоми сохторҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тавассути он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набуда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд  ва пешрафти  он саҳмгузор бошанд. Таҳлили пешакии пешниҳоди аҳли ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки моҳияти тақдирсози ин қонун аз ҷониби падару модарон, ҷомеа ва ба хусус зиёиёни  кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.
Бузургон гуфтаанд: "Биомӯзем, то биомӯзонем". Сарфи назар аз он, ки мо миллати донишандӯз ва омӯзгор ҳастем, ҳамеша зарурат ба омӯзиш дорем. Зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз дорад. Тавре ки паёмбари ислом фармудаанд: "Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз".
Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷӯҳи хосае зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ чун "Насиҳатнома"-и Унсурулмаолии Кайковус, "Бӯстон"-у "Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ, "Баҳористон"-и Ҷомӣ барин асарҳо саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳимми таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.
Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатие аст, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид, дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем.
Шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷаҳони имрӯза то андозае тавонистааст, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният таъсири худро расонад. Аз ин раванд Тоҷикистон низ истисно нест. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбия низ таъсири худро расонида истодааст. Албатта, ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта будан боиси ифтихор аст. Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад.
Имрӯз, ки технологияи ҷадид ва интернет вориди ҳар як оила мегардад, волидайн бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет кӯдакро эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводи фаҳшу зӯроварӣ низ ба табъ мерасад. Кӯдакон бошанд, бештар ин маводҳоро тамошо менамоянд, ки ба мафкураи онҳо беасар намемонад.  Тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд.
Мувофиқи таҳқиқотҳои муосир кӯдакон то сини ҳафтсолагӣ асосан дар канори падару модар ҳастанд ва бештари таъсиротро аз онҳо гирифта, ташаккул меёбанд. Ба ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба ӯҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шавем.
Ҳар як хонаводаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи махсус аст, ки дар воқеъ онҳо дар тафаккури кӯдак инъикос гардида, ташаккули шахсияти онро муайян менамоянд. Тарбияи кӯдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад. Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ "Насиҳат-ул-мулук" фармудааст: "Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд". Бо такя ба панду андарзҳои гузаштагони орифамон мо Қонуни ниҳоят муҳими ҷомеаро таҳия намудем. 
Ба ҳамин хотир дар Қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозилро тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ   дучор меояд.
Дар ин қонун масъулияти асосӣ ба зиммаи оила аст, ба ибораи дигар хонавода масъули аслии тарбияи кӯдак мебошад. Ба андешаи мо дар сурате волидайн  масъул шуда метавонанд, ки онҳо худ тарбияёфта бошанд ва роҳҳои тарбияро донанд. Дар ин замина бояд волидайн дарк намоянд, ки фарзандонро чӣ гуна тарбия кунанд.
Дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ  Ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон таъсис дода шудааст. Хуб мебуд, ки кори онҳо фаъол гардонида шуда, дар назди мактабҳо курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кӯдакон барои волидайни ҷавон ба роҳ монда шаванд. Аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, мактабҳои олии ҷумҳурӣ бояд таҳияю нашри осори мутафаккирони гузаштаамон дар соҳаи ахлоқ ва илми оиладорӣ ба роҳ монда шавад.
Бубинед, дар кишварҳои пешрафта аз тарафи олимон, равоншиносон, духтурон тадқиқотҳои пурмӯҳтаво гузаронида шуда, барои тарбияи кӯдакону наврасон тавсияҳои методӣ интишор намудаанд. Мутаассифона, бо вуҷуди адабиёти зиёди аз ҷониби ниёгонамон ба меросмонда, имрӯз мо тавсия ва роҳнамоҳо барои тарбияи фарзандонамон ба таври кофӣ надорем.
Бо мақсади амалишавии Қонуни мазкур дар он боби алоҳида ба мақоми ваколатдор дар соҳаи таълиму тарбияи фарзанд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, бахшида ва иҷрои талаботи қонун аз тарафи он таъмин карда мешавад.
Дар назди  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ айни ҳол комиссияҳои доимӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамоянд ва мувофиқи мақсад мебошад, ки минбаъд салоҳиятҳои ин мақомот васеъ карда шуда, пас аз қабули Қонуни мазкур аз тарафи Порлумони кишвар, масъалаи назорат аз болои раванди таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон ва дигар муассисаҳои таълиму тарбия ба зиммаи он гузошта мешавад ва фаъолияти онҳо тибқи Низомнома, ки аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.
Мақсади таъсиси мақоми мустақили ваколатдор ва додани салоҳиятҳои иловагӣ ба комиссияҳои доимӣ дар маҳалҳо оид ба пешбурди назорати раванди таълиму тарбияи фарзанд, ин пеш аз ҳама танҳо ба манфиати худи фарзандон, таъмини ояндаи неки онҳо ва дарки воқеии масъулияти ба зимма доштаи падару модарон аз тарафи онҳо мебошад.
Таклифи дигаре, ки аз тарафи мардуми кишвар бештар ворид гардида, нисбати он аллакай аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зиёде андешида шуда ва он дар мадди назари аввалиндараҷаи давлат буда, дар лоиҳаи қонуни мазкур низ он таҷассуми худро ёфтааст, ин дастгирии давлатии оилаҳои камбизоати дорои фарзандони ноболиғ мебошад, то ки фарзандони ноболиғ аз таълиму тарбия дур намонанд.
Муҳимияти ин масъаларо Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дарк карда, доимо он дар мадди назари роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ин давра бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ба раванди таълим, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул карда шудаанд, ки онҳо барои баамалбарории ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштанд ва татбиқи онҳо ба натиҷаҳои назаррас оварда истодаанд.
Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, зеро саҳлангорӣ ва бетарафӣ дар тарбияи фарзанд ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеаи мо монеъ мегарданд.
Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад. Бинобар ин тавассути қонуни мазкур  ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.
Мувофиқи анъанаҳо ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, эҳтироми волидайн, нигоҳубини онҳо дар пиронсолӣ яке аз рукнҳои асосии тарбия маҳсуб меёбад. Дар тӯли асрҳо ин ба меъёри ахлоқии миллати тоҷик табдил ёфтааст. қонунгузории ҷумҳурӣ фарзандро низ ӯҳдадор менамояд, ки волидайнро ҳангоми пиронсолӣ дастгирӣ кунад. 
Албатта, падару модар дар назди фарзанд якчанд масъулияте, аз қабили номи нек гузоштан, маълумот додан, хатнаву хонадор карданро ба дӯш доштанд ва ин анъана то имрӯз идома дорад. Вале таҳлил ва мушоҳидаҳо далели онанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе падару модар барои бо таҳсил фаро гирифтани фарзандон монеъ мешаванд ва онҳоро дар синну соли наврасӣ ва ташаккули шахсият ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва аз мактабу таълимгоҳ берун сафарбар менамоянд.
Баъзан падару модар ҳангоми бо таҳсил дар муассисаҳои гуногун фаро гирифтани фарзандонашон масъулияти таълиму тарбияро ба зиммаи ин муассисаҳо вогузор мекунанд ва дар ҳолати сар задани ҳар гуна қонунвайронкунӣ мактабу донишгоҳҳоро гунаҳкор меҳисобанд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур сабт гардидааст, ки падару модар дар низоми кори муассисаи таълимие, ки фарзандаш дар он таҳсил мекунад, иштирок менамояд. Ин нуктаи қонун ҳар як падару модарро водор мекунад, ки ҷараёни таҳсили фарзанди худ ва муҳити тарбиявии ӯро зери назорат бигирад, барои ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзанд ва тарбияи ахлоқи ҳамидаи ӯ масъул бошад.
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд. Таъмини моддии фарзанд ва бо таълиму тарбияи нек фаро гирифтани ӯ вазифаи аввалиндараҷаи падару модар аст, аз нигоҳи қонун онҳо барои иҷрои ин амалҳо масъуланд. Ба ибораи дигар, ба камол расондани фарзанд ва дар доираи ахлоқи нек тарбия кардани ӯ вазифаи бевосита ва муҳими волидайн мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!
Мо имрӯз наврасоне дорем, ки ба хурдсолии худ нигоҳ накарда, бо дастовардҳои варзишӣ ва комёбиҳои илмии худ дар озмунҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро парафшон мекунанд. Албатта, ҳамаи фарзандон ба чунин комёбиҳо ноил намегарданд, вале мо ақаллан тавонем, ки фарзандонро бомаърифат, соҳибкасб, дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш, ифтихор аз илму фарҳанги пурғановати миллат, худшиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намоем. 
Мақсад аз таҳияи ин қонун ҷавобгар кардани волидайн ва масъулини тарбия нест. Балки тавассути ин қонун Ҳукумат ният дорад, ки масъулият, мақому манзалати падару модарро дар ҷомеа бештар гардонад, ҳар як падару модарро вазифадор кунад, фарзандро тавре тарбия намояд, ки ӯ ба номи бошарафи падару модар ва миллати хеш иснод наорад. 
Бинобар ин қонуни мазкур на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, балки ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадор мекунад, ки нисбати таълиму тарбия масъул бошанд ва дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд. Зеро ҷомеаи солим ба насли бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр, дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Маҳз инсонҳои дорои чунин хислатҳо метавонанд дастовардҳои истиқлолияти мамлакатро афзун ва ҳифз намоянд. 
Яке аз механизмҳои асосии расидан ба ин ҳадаф таҳким ва устуворсозии мавқеи иҷтимоии оила мебошад. Бахусус робитаи устувори оила бо боғчаву мактабҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф сазовори омӯзиши амиқ ва хулосабарориҳост. 
Бояд гуфт, ки инкишофи ахлоқии фарзанд қабл аз ҳама ба нақши зан-модар вобастагӣ дорад. Дар хона маҳз зан - модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, таҳаммулпазирӣ ва низому интизомро фароҳам оварда, эхтиёҷоти ҳаррӯзаи фарзандонро қаноатманд месозад ва ба онҳо расму русуми оилаи миллиро меомӯзонад.
Нақши падар дар раванди тарбияи фарзанд махсус аст ва дар фарзандон ҷаҳони фикру андеша, ҷасурӣ, далерӣ, худбоварӣ, худшиносӣ, ватандӯстиро бештар тарбия мекунад. Падар сарчашмаи амнияту оромӣ ва суботи оила аст.
Ҳар як фарзанд барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ҳар як амали номуносиби падару модар метавонад боиси халалёбии рафтори фарзанд гардад. Дар оилае, ки муносибати ҳамсарон мусолиҳатомез ва ботаҳаммул аст, фарзандон тарбияи хуб мегиранд.
Бузургон оиларо оинаи кӯдак ном бурдаанд. ӯ дар ин "оина" ояндаи худро мебинад, барои муносибатҳои шахсии худ дар оянда тарҳе месозад. Дар тарҳи сохтаи кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори манфию мусбати волидайн инъикоси худро меёбад.
Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдак, ба онҳо омӯзондани меъёрҳои ахлоқист. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд. Албатта, ба рафтору кирдори кӯдак рафтору амали мардуми атроф низ таъсир мерасонад.
Имрӯз, ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат буда, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти он душвор мегардонад. Барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор ӯҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим ҷидду ҷаҳд менамоянд. Қабули Қонуни нав муҳимияти масъалаи мазкурро бозгӯ намуда, масъулияти волидайнро дар муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар месозад. Қобили қайд аст, ки сарчашмаи асосии ба вуҷуд омадани ҷавобгарӣ барои тарбияи фарзанд - ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки масъулияти падару модарро барои тарбияи фарзанд пешбинӣ менамояд. Дар он таъкид карда мешавад, ки "…падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғи қобили меҳнат барои таъмини падару модар масъуланд". Инчунин, Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро метавон зикр кард, ки дар он гуфта мешавад: "Таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мазмуни асосии ғамхории волидайн бошад".
Ин ҷо ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба паҳлӯи дигари ин масъала лозим мешуморам. Тавре  солҳои охир мушоҳида менамоем, кӯшишҳои таъсир расонидан ба ҷаҳонбиниву андешаи кӯдакону ҷавонон аз ҷониби ҷараёну равияҳои ифротгаро дар ҷомеаи имрӯза ба назар мерасад. Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз фориғболии баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, гурӯҳҳои гуногуни тундраву ифротгаро ба муассисаҳои таълимӣ роҳ ёфта, кӯдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модар, ҳатто фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Ва намедонанд, ки фарзандонашон ба ҷои таълим ба чӣ корҳо машғул мешаванд. Рӯирост изҳор менамоям, ки баъзе аз ин муассисаҳо ҷавононро дар рӯҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода менамоянд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, ман соли гузашта ба мақомоти дахлдор супориш додам, ҷавононе, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, баргардонда шуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар бо таҳсил фаро гирифта шаванд. Имрӯз қисми зиёди онҳо ба Ватан баргаштанд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Фарзанд мисли ниҳоле ҳаст, ки то ба камол расониданаш заҳмати доимиро талаб мекунад. Писарону духтароне, ки одобу ахлоқ ва дониши кофӣ доранд, ба илова касбу ҳунаре меомӯзанд, аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд.
Миёни онҳо агарчи ятимон ҳастанд, набояд худро ятим шуморанд. Дар фарҳангу оини мо, ки ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст, ақидае устувор аст: ятим ҳамонест, ки аз илму адабу ахлоқ бебаҳра бошад. Дар  ривояте аз саҳобаҳо омадааст  ятим он нест, ки падараш аз байн рафта бошад, ятим он аст, ки бе илму адабу ахлоқ бимонад. Тавре аз ин нукта бармеояд, аввалан, маҳз ахлоқу дониш шахсиятро ташаккул дода, ба ҷомеа муаррифӣ карда, мақому манзалати онро муайян месозад. Падару модаре, ки нисбат ба тарбияи фарзанд бе фарқу бетаваҷҷӯҳ бошанд, ҳуқуқи маънавии падару модар буданро надоранд.
Падар ё модар набояд ба фарзанд дурӯғ гӯяд, чизе, ки ваъда дод, ҳатман иҷро намояд, саҳву хатои фарзандонашро на аз роҳи латукӯб, балки бо далелу мантиқ фаҳмонад, бо тифл ҳамон тавре рафтор кунад, ки гӯё бо шахси баркамол гуфтугӯ мекарда бошад.
Имрӯз дар ҷомеа тарҳи қонуни наве ба муҳокимаи мардум вогузор гардид, ки собиқа надорад, аммо ба эътибори моҳият ва аҳамият дар танзими дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ ниҳоят зарур аст. Ҳарчанд таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардида, соҳаи маориф мавриди ислоҳоти фарогир қарор дошта бошад ҳам, тадбирҳои муҳими давлатӣ бе кумаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа, махсусан падару модар ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд.
Яъне, бе дастгирии волидайн ислоҳоти маориф натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. То вақте ки зарурати ин масъала дар поён, яъне дар сатҳи оила дарк нашавад, ягон ибтикорот самараи мусбӣ нахоҳад дод.
Дар ин маврид сухан аз маърифати кулли ҷомеа меравад, ки бо ҳамкориву робитаи зичи се ниҳод - оила, мактаб, ҷомеа ҳамбастагӣ дорад. Агар ба беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас дар ин се ниҳод муносибат дар ҳадди баланди масъулият зоҳир шавад, тарҳи зиндагӣ батамом тағйир хоҳад ёфт. Бо назардошти ҳамаи паҳлӯҳои ин масъала - ба ҷо овардани масъулият аз ҷониби падару модар нисбат ба фарзанд дар чаҳорчӯбаи оила, таълими хуб дар мактаб ва дастгирии ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таҳаввулоти муассире сурат хоҳад гирифт, ки низоми наву мураттабро дар тарбияи насли наврас ба вуҷуд меорад.
Лоиҳаи такмилёфтаи қонуни мазкурро пешниҳод сохта, мехоҳам қайд намоям, ки меъёрҳои он пурра ифодакунандаи хусусиятҳои хоси давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Зеро танҳо дар ҳамин сурат метавонем аҳли ҷомеаро ба татбиқи ҳадафҳои давлатӣ ҷалб намуда, барои насли навраси ҷомеа, ки рушду такомули ояндаи давлатдории мо аз онҳо вобаста аст, шароити мусоиди иҷтимоиро фароҳам оварда, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя намоем.
Рафти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун ва теъдоди зиёди пешниҳоду таклифҳо ва андешаҳои воридшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки қабули чунин қонун ногузир ва саривақтист. Аз ин рӯ, иҷро ва риояву ҳифзи мӯҳтавои қонун қарзи шаҳрвандии ҳар як узви баору номуси ҷомеа  мебошад.
Чунонки дар сароғози маърӯзаам таъкид сохтам, қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ӯҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, нерӯманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.
Агар ин рисолати таърихиро ба ҷо оварда тавонем, мо ба ояндаи неки ворисони хеш ва пойдории Ватану миллатамон умед баста метавонем. Итминони комил дорам, ки бо такя ба хираду заковати азалии миллати тоҷик, маънавиёти ғанӣ, суннатҳои ҳазорсола ва арзишҳои волои умумибашарӣ мо ба ин ҳадафи бузург муваффақ хоҳем шуд.

Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед