энергетика
Ҷараёни тези дарёҳоро пурсамар истифода барем
Об дар баробари энергияи офтоб ва шамол сарчашмаи бузурги энергияи барқароршаванда аст. Истифодаи дуруст аз ин нерӯи бузург, ки сар то сари Тоҷикистонро фаро гирифтааст, метавонад истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намояд.
Дар қиёс ба технологияҳои муосир, ки аз мамлакатҳои хориҷӣ ба шакли панелҳои офтобӣ, дастгоҳҳои электрикии бодӣ ва ғайраҳо ба ҷумҳурии мо ворид мегарданд, истифодаи нерӯи об даҳҳо маротиба арзонтар аст. Аммо истифодаи ин нерӯи бузург ҷустуҷӯи технологияҳои ба шароити мо мувофиқро талаб мекунад.
Модоме, ки дар баъзе мамлакатҳо аз мавҷи баҳр, ки дорои энергияи ночиз аст, истифода мекунанд, пас чаро мо наметавонем аз он суръати ҳаракате, ки дарёҳои Тоҷикистон доранд, истифода барем?
Ба ин савол танҳо як ҷавоб аст. Одат кардаем, ки аз технологияҳои тайёр истифода бурда, бо хароҷоти калон мушкиламонро осон намоем. Масалан, дар сохтмони истгоҳи барқӣ ҳатман обро бояд аз ягон баландӣ сар диҳем, ки муҳаррикро ба ҳаракат дарорад. Агар баландии 30 метр зарур шавад, маҷбур ҳастем бо сарфи маблағи зиёд дар масофаи 2-3 км ва аз ин ҳам зиёд ҷӯйҳо канем. Харидории панелҳои офтобӣ ва васл кардани онҳо бошад, харҷи боз ҳам бештарро талаб мекунанд ва манфиаташон 2-3 маротиба камтар аст. Истифода аз дастгоҳҳои барқии бодӣ ҳам, ки арзиши дандоншикан доранд, ба истиснои ноҳияҳои Шӯрообод ва Мурғоб, ба шароити мо мувофиқ нестанд.
Агар тавассути технологияҳои мавҷуда тариқи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ барои ҳосил кардани 1 кВт/соат қувваи барқ 1000 доллари амрикоӣ сарф шавад, ин хароҷот бо истифода аз дастгоҳҳои бодӣ ба 2500-3000 доллар ва бо истифода аз панелҳои офтобӣ ба 5 ҳазор доллар мерасад.
Барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ на дар ҳама ҷой шароити мувофиқ ёфтан мумкин аст. Дар водиҳо, ки баландиҳои мувофиқро пайдо намудан душвор аст, сохтани чунин нерӯгоҳҳо қариб, ки имкон надорад.
Мавҷуд набудани технологияҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқ худи мо ва тамоми ташкилотҳои байналхалқии кӯмакрасонро водор сохтааст, ки бо арзиши баланд ҳам бошад, мушкили мардумро осон намоем.
Чӣ бояд кард?
Шарт нест, ки бори ҳалли ин масъала мо перпетууми мобилӣ ихтироъ намоем. Перпетууми мобилӣ дар Тоҷикистон ба шакли суръати баланди ҷараёни дарёҳо худодод аст. Қариб дар тамоми манотиқи Тоҷикистон суръати ҳаракати дарёҳо аз 1 м/с ба даҳҳо м/с мерасад. Ин аст манбаи энергияи хомӯшнашаванда ва аз ин нерӯ бояд истифода кард.
Мо метавонем бо истифода аз ҷараёни дарёҳо шакли нави нерӯгоҳҳои хурди барқиеро пешниҳод намоем, ки тавассути онҳо дар водиҳо бо арзиши начандон калон энергияи барқ истеҳсол намудан мумкин аст. Муҳимаш, дар ин кор зарурати аз баландӣ сар додани об тавассути лӯлаҳо аз байн бардошта мешавад.
Салим ШУКРОНАЕВ,
директори ҶДММ "КВАЗАР"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3522