номаҳо
"Чаро ба қафо?!"
Матлаби Умарбек Шарифов, ки дар гӯшаи «Розу ниёз» бо номи "Чаро ба қафо?!" ("Ҷумҳурият", 1 марти соли 2011) ба табъ расида буд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маълумоти дар навиштаи муаллиф омада дар мавриди ба навзодон маҷбуран ба ҳамон пасвандҳои русии -ов (-ев), -ова (-ева), -ович (-евич), -овна (-евна) додани шаҳодатномаи таваллуд ва гирифтани 65 сомонӣ асоси воқеӣ надорад.
Азбаски синну соли хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 16 боло мебошад, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ҳангоми тағйир додани ному насаб ва гирифтани шаҳодатномаи таваллуд 44 сомониву 09 дирам маблағ пардохт карда мешавад.
Муаллиф маблағи харҷи роҳ ва ғизоро низ ба ин маблағ афзудааст.
Р. РАҲМАТОВ,
раиси ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4089