номаҳо
"100 инсони бузургтарин" бо теъдоди зиёд нашр шавад
Китоби "100 инсони бузургтарин" (муаллифон С. Муский ва И. Семашко)-ро ба забони тоҷикӣ дар тарҷумаи Қурбон Мадалиев мутолиа кардам. Он шевову равон тарҷума шудааст. Тарҷумон дар тарҷумаи калимаҳову истилоҳҳои душворфаҳми соҳаҳои гуногуни илм низ муваффақ мебошад.
Хонанда туфайли асар ба рӯзгору кори шахсиятҳои барҷастаи дунё ошноӣ пайдо мекунад. Зиндагиномаи онҳо ба ҳаёту фаъолияти пурсамари хонанда таъсири нек мегузорад. Асар дар худшиносӣ, тарбияи дурусти насли наврас мусоидат менамояд. Ман ба зиндагиномаи Арасту, Буддо, Клеопатра, Конфутсий, Бах, Мотсарт, Д. Менделеев ва дигарон, ки ҳар яке намунаи ибратанд, туфайли ин китоб шинос шудам. Он бо дастгирии молиявии ҷавонмарди саховатпеша Сайфулло Фаттоев нашр гардидааст. Хуб мебуд агар дар нашрҳои минбаъда теъдоди онро зиёд кунанд ва дастраси шумораи бештари ҳаводорони чунин китобҳо созанд.
Назираи ОЛМУҲАММАД,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4602