номаҳо
То ҳол номҳои баъзе маконҳо тоҷикӣ нагардидаанд
То ҳанӯз номи баъзе аз шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиву кӯчаҳои кишвар тоҷикӣ нашудаанд. Ҳол он ки дар ин маврид Сардори давлат чандин бор дастур додаву пешниҳод намуда буданд.
Воқеан, бархе аз шахсиятҳои хориҷӣ, ки баъзе аз маконҳо номҳои онҳоро доранд, дар рушду нумӯъ ва пешрафти ягон соҳаи кишвар саҳм нагирифтаанд. Ва баръакс, онҳое, ки саҳми асосиро гирифтаанд, фаромӯш шуда истодаанд. Ё худ, он гуна ки бояд, ба қадрашон нарасидаем.
Пас чаро баъзе аз маконҳоро ба номи онҳо нагузорем?
М. РАСУЛОВ,
шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4009