номаҳо
Ҳуқуқи мусофиронро ронандагони Hundai поймол мекунанд
Нақлиёти мусофирбари тамғаи Hundai ҳафт ҷойи нишаст дорад. Аммо дар шаҳри Душанбе ронандагон иҷборан дар ин ҳафт ҷой даҳ нафарро мешинонанд. Мақсад, албатта, даромади бештар ба даст овардан аст. Онҳо парвое надоранд, ки мусофирон чи ранҷеро пушти сар мекунанд.
Ба ронандагон дар ин маврид борҳо гуфтаем, аммо фоида надорад. Чунин ҳолатро масъулон донанд ҳам, пайи ислоҳи он тадбире намеандешанд. Ба ҳар ҳол ба кормандони БДА муроҷиат менамоем, ки ин масъаларо аз ин пас нодида нагиранд. Айб аст, ки дар пойтахти кишвар ҳуқуқи мусофир аз ҷониби ронандаи Hundai поймол мегардад...
Сулҳияи РУСТАМ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3981