номаҳо
Аз пушти панҷа менигаранд?
Борҳо мушоҳида кардаам, ки бархе барои гузаронидани қубур ва ё иваз намудану кашидани симҳо роҳҳои мошингарду пиёдагарди назди хонаҳоро мекананд. Аксари онҳо барои ин амал иҷозатнома надоранд. Агар дошта бошанд ҳам, нисбати роҳ ба бераҳмӣ муносибат менамоянд. Ҳеҷ намеандешанд, ки барои таҷдиду сохтмони як метр роҳ маблағи зиёд сарф мегардад. Баъди кандани роҳ онро тармим наменамоянд. Пайдо кардани гунаҳгорону ҷарима бастани онҳо дар ин маврид ҳеҷ мушкилие надорад. Аммо намедонем чаро ба ин масъала аз пушти панҷа менигаранд.
Ҳ. ШАМС,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4063