номаҳо
Дар арафаи идҳо роҳкиро миёншикан мешавад...
Фарорасии Наврӯзро интизорӣ мекашидем. Кӯдаконам бо хурсандӣ рӯз мешумориданд.
Ба онҳо мегуфтам, ки манзараҳои зебои деҳа, хоса дарахтони пургул, майсаҳои навдамида шуморо мафтун мекунад. Ва ба чашми худ мебинед, ки мардум чӣ гуна дар якҷоягӣ бо муҳаббати хоса ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд.
Аз ман мепурсиданд: "Оё мо метавонем, ки тарзи тайёр кардани суманакро аз оғоз то анҷом бубинем? Ба теппа барои чидани гул мебароем? Дар таҷлили Наврӯзи деҳа мо ҳам саҳм гирифта метавонем"? Албатта, дар ин маврид посухҳо мусбат буданд. Аммо нархи роҳкироро ба минтақаи Кӯлоб ду рӯз пеш аз Наврӯз якбора ду-се баробар боло бурданд. Барои 6 нафар ночор 360 сомонӣ додем. Андешидем, ки аз он тараф низ ҳамин миқдор ё камтар аз он маблағ бояд пардохт намоем. Дидам, ки табъи аҳли байт якбора хира шуд. Пешниҳод карданд, ки аз баҳри сафар бибароем. Аммо дар деҳа моро интизор буданд.
Бинобар ин ба роҳ баромадем. Аммо пули калоне, ки барои роҳкиро сарф шуд, мову фарзандонамонро нороҳат кард.
Ба маротиб бардоштани нархи роҳкиро, мутаассифона, қариб дар ҳама ҷашну идҳо рух медиҳад. Ва онро масъулони соҳа чандин сол боз хуб медонанд. Аммо барои ислоҳаш чорае намеандешанд.
С. АЛИЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4012