номаҳо
Раиси хоҷагии ба номи Урунхоҷаев ӯҳдадор карда шуд
Дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқиди воситаҳои ахбори омма" ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мақолаи "Чаро хоҷагии миллиондор муфлис шуд", ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз санаи 15 феврали соли 2011 чоп шуда буд, дар машварати назди раиси ноҳия бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва раисони хоҷагиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эҳсон Маҳмудов, раиси хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ӯҳдадор карда шуд, ки ҷиҳати кам намудани қарзҳои мавҷуда, барқарорсозии шумораи саҳмдорон ва афзунгардонии истеҳсоли ҳамаи намуди зироат ва сабзавоту меваҷот тадбирҳо андешад. Ҳамчунин роҳбарияти дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ оид ба бартараф намудани камбудиҳои соли сипаришуда, беҳтар ба роҳ мондани фаъолият аз оғози мавсими киштукори баҳорӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ супориш гирифтанд.
Л. МУҲИТДИНОВ,
раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4197