номаҳо
Нигоҳ Воқеиятро таҳриф мекунад
Ба рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар ҳафтаномаи "Нигоҳ", аз 2 марти соли равон, мақолаи "Уштури сафеди асри гузашта" чоп гардида буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақоларо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, 15 марти соли 2011 ба ҳафтанома посух гардонд.
Аммо ҷавоби мо то ба имрӯз рӯи чопро надид. Мо борҳо бо сармуҳаррир С. Дӯстов ва дигар кормандони ҳафтанома сӯҳбатҳои телефонӣ доштем. Аз оҳанги гуфтори С. Дӯстов ба мо маълум гашт, ки ӯ бо баҳонаҳои гуногун ва бо сабабҳои ба мо номаълум вокуниши моро чоп кардан намехоҳад. Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки вокуниши моро ба табъ расонед, то ки хонандагони нуктафаҳм аз асли қазия огоҳ гарданд.
С. ШОМАЛАНГОВ,
мудири Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи "Уштури сафеди асри гузашта"-ро, ки рӯзномаи "Нигоҳ", аз 2 марти соли 2011, № 50 (221) дар иртибот ба даъвои Ширкати тиҷоратӣ-саноатии "Дружба"-и Нижний Новгороди Федератсияи Русия нисбати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба табъ расондааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) худ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ эътироф шудааст. Ба фаъолияти судҳо дар давраи баррасии парвандаҳо аз ҷониби ягон шохаи ҳокимият, инчунин воситаҳои ахбори омма бояд дахолат карда нашавад. Бинобар ин, мехоҳем дар вокуниш оид ба баъзе маълумотҳои барғалате, ки дар мақола дарҷ гардидаанд, равшанӣ андозем.
Ҳуҷҷатҳои мавҷуда собит месозанд, ки соли 1993 автомашинаҳои сабукрав ва маводи сӯзишвории аз ҷониби ширкати "Дружба" ба корхонаи хурди "Ҳабиб"-и ноҳияи Қубодиён воридгардида, аз тарафи корхонаи мазкур ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст. Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон бошад, танҳо тақсимоти онҳоро дар асоси талаботи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ анҷом додааст. Қабулкунандагони бор мақомоте мебошанд, ки барои гирифтани автомашина ва маводи сӯхт боваринома дода, ҷавобгарӣ ва маблағгузории онҳоро ба зимма гирифтаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 1993 дар ҳақиқат 6 адад автомашинаро ба тавозуни худ гирифтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси мактуби Ширкати тиҷоратӣ-саноатии "Дружба"-и Нижний Новгород ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон маблағҳои 6 адад автомашинаро дар соли 2009 ба суратҳисоби намояндаи даъвогар Х. Алисултанов ба тариқи супоришҳои пардохтӣ, аз 6 марти соли 2009 зери рақами 19 ба маблағи 52392 сомонӣ, аз 19 июни соли 2009 зери рақами 57 ба маблағи 62304 сомонӣ ва аз 24 сентябри соли 2009 зери рақами 96 ба маблағи 62163 сомонӣ, баробар ба 42,6 ҳазор доллари ИМА гузарондааст.
Ҷаноби Х. Алисултанов барои баргардонидани маблағҳои қарзии боқимондаи автомашинаҳо ва сӯзишвории дизелӣ, ки ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида ва идораю мақомоти ҷумҳуриявии дар вилоятбуда, аз ҷумла Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 адад, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад, ки аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин Муфтиёти вилоят 1адад ва сӯзишвории дизелӣ, ки ба КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон"-и дар вилояти Хатлон буда дода шудааст, бояд ба корхонаи хурди "Ҳабиб"-и ноҳияи Қубодиён, шаҳру ноҳияҳо ва ба вазорату идораҳои зикргашта муроҷиат мекард.
Мо нигарон аз он ҳастем, ки барои чӣ Х. Алисултанов дар бораи он, ки роҳбарияти вилоят бо мақсади ҳалли қазияи мазкур чандин маротиба ӯро қабул кардааст ва ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактуб ирсол намудааст, ҳарфе намезанад.
Ҷаноби Ризо Муҳаммад, муаллифи матлаб, агар барои фаҳмидани асли масъалаи мазкур ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат мекард, ақаллан пеш аз ба чоп расонидани мақола бо қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон, аз 31 январи соли 2011, ки иборат аз 10 саҳифа мебошад, шинос мегашт, он вақт мақолааш бе таҳриф чоп мешуд.
Мутаассифона, ӯ ин корро накард ва бо ин амалаш хонандаро ба иштибоҳ андохт. Ин дар ҳолест, ки маҳз бо кӯшиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарзи ширкат ба маблағи 22,6 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Қубодиён, Темурмалик ва Ховалинг баргардонида шуд, ки инро дар ҳолати доштани инсоф бояд Х. Алисултанов инкор намекард.
Яке аз сабабҳое, ки боиси рад намудани даъвои ширкат нисбати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардидааст, ин гузаштани мӯҳлати даъво, яъне баъди 17 соли муроҷиати намояндаи ширкати мазкур, мебошад.
Вобаста ба ин, хуб мешуд, ки хабарнигори рӯзнома ба Х. Алисултанов бо саволҳои чаро баъд аз гузаштани солҳои тӯлонӣ на роҳбарияти ширкат, балки Шумо, ки ба ширкат ягон муносибат надоред, ҳамчун шахси ваколатдор даст ба даъво задед ва ё чаро маҳз баъд аз сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъйин шудани ҷаноби Рамазон Абдулатипов ба ин масъала рӯ овардед, муроҷиат менамуд. Дар ҳолати аз ҷониби Х. Алисултанов гирифтани ҷавоби қаноатбахш Шумо дар зери коса будани кадом нимкосаро аниқ мекардед, зеро аз сарчашмаҳои муайяни расмӣ маълум шудааст, ки Х. Алисултанов ҷияни (хоҳарзодаи) Р. Адбулатипов мебошад.
Супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳз дар асоси муроҷиати сафири Русия мӯҳтарам Р. Абдулатипов дода шуда, чуноне дар боло зикр намудем, пура иҷро гардидааст.
Пуштибонии мазкур инчунин баъди аз вазифаи сафирӣ рафтан ва ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Москва фаъолият намудани Р. Абдулатипов идома ёфт. Ӯ чанд маротиба баъди анҷоми ваколати сафириаш ба ҷумҳурӣ омада, бо дархостҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаи мазкур муроҷиат намудааст.
Ҳамзамон дар маълумотҳои дастрасгардида, аз ҷумла дар таъйиноти суди арбитражии шаҳри Нижний Новгороди вилояти Нижегород, аз 3 декабри соли 2010 омадааст, ки ширкати номбурда дар реестри ягонаи бақайдгирии давлатӣ сабти ном нашуда, фаъолияти молиявию истеҳсолӣ намебарад. Намояндаи ширкат Х. Алисултанов тавассути бовариномаи ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе дар суроғаи номаълум зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул мебошад.
Далели дигари рад намудани даъво байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ширкати мазкур набудани шартнома оиди доду гирифти маводи сӯзишворӣ ва автомашинаҳои сабукрав мебошад. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди ширкат ягон хел ӯҳдадорӣ надорад, ба ғайр аз 6 автомашинае, ки маблағи онро кайҳо пардохт кардааст.
Бояд зикр намуд, ки ишораи Х. Алисултанов ва рӯзноманигор дар ҳошияи мақола, оид ба он ки чунин муносибат метавонад садди роҳи сармоягузории хориҷӣ, бахусус дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" гардад, асоси мантиқӣ надорад. Мафҳуми сармоягузорӣ ин маблағгузории дарозмӯҳлат ба иқтисодиёт, бо мақсади гирифтани фоида ва ҳамаи ҳуқуқҳо ба моликият, ба истиснои фурӯши мол, мебошад.
Бо назардошти ин, фаъолияти ширкати "Дружба" ба фаъолияти савдои хориҷӣ мансуб буда, ба сармоягузорӣ ягон муносибат надошта, танҳо ба иштибоҳ андохтани хонандагони рӯзнома аст.
Аз ин рӯ, агар роҳбарияти ҳафтанома ё худ масъули чопи мақолаи мазкур асли воқеаро аз роҳбарияти вилоят мепурсиданд, шояд ин қадар иштибоҳ дар мақола ҷой намеёфт. Илова ба ин, дар охири мақола омадааст, ки гӯё "Нигоҳ" кӯшиш намудааст, ки шарҳи расмии роҳбарияти вилояти Хатлонро дар ин хусус то лаҳзаи ба чоп супурдани шумораи рӯзнома гирад, ки ин гуфта низ асос надорад. Зеро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ягон намояндаи рӯзнома на даҳонӣ ва на хаттӣ муроҷиат накардааст.
Дар мақола омадааст, ки нисбат ба намояндаи ширкат ҳолатҳои таҳдид ва амали зӯран хориҷ намудан аз ҷумҳурӣ (депортатсия) ҷой дошт, ки ин ҳам ягон асоси воқеӣ надорад. Баръакс, дар вилоят нисбат ба ӯ муносибати хуб доштанд. Мавсуф аз ҷониби раиси вилоят, муовини соҳавӣ, раёсат ва шӯъбаҳои дахлдор борҳо қабул карда шудааст. Ҳамзамон ҳангоми баррасии парванда дар Суди иқтисодии вилоят ин ҳолат баён нагардидаст.
Хулоса, ҳуҷҷатҳои батасвибрасонидаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон дар соли 1993 характери маъмурию роҳбарӣ дошта, масъулияти қабул ва пардохти маблағҳои маводҳо дар асоси пешниҳоди боваринома ва борхатномаҳои тартибдодашуда, ба зиммаи молқабулкунандагон ва истифодабарандагон вогузор шудааст. Ёдрас месозем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масъулияти ба ӯҳдаи худ доштаашро пурра иҷро кардааст.
Дар асоси қарори марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии вилояти Хатлон, аз 31 январи соли 2010, даъвои Ширкати тиҷоратӣ- саноатии "Дружба"-и шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия нисбати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рад карда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят асосҳои конститутсионии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, танҳо дар доираи он амал менамояд. Аз ин рӯ, дар ҳолати розӣ набудан бо қарори суди поёнӣ ширкати мазкур аз ҳуқуқҳои қонунии худ истифода карда, метавонад бо аризаи даъвогӣ ба суди болоӣ муроҷиат намояд ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя намояд.
Абдуғаффор РАҲМОНОВ,
муовини раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4422