мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Аудронюс Ажубалисро ба ҳузур пазируфт
16 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аудронюс Ажубалис - раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Литваро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, нахуст кишвари Литваро ба муносибати фаро расидани давраи раёсаташ дар ин Созмони бонуфуз табрик гуфта, изҳор дошт: "Тоҷикистон иштироки фаъолро дар умури Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муқаррар карда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то доираи ҳамкориро бо кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмон васеъ гардонад".
Аудронюс Ажубалис дар навбати худ изҳор дошт, ки "Тоҷикистон шарики хеле муҳими САҲА мебошад ва дар ин ҷо ҷойгир шудани калонтарин Дафтари (Бюрои) Созмон ва ҳам шумораи аз ҳама зиёди кормандони он далели ин гуфта аст".
Аз ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар ҳамаи се самти авлавиятноки фаъолияти он - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзиши кормандони соҳаи идораи сарҳадот дар назди Дафтари Созмон дар Тоҷикистон ва рафти татбиқи Стратегияи миллии идораи сарҳадот, ки дар ҳамдастӣ таҳия ва қабул гашта буд, баҳои баланд дода шуд.
Ҳамзамон, бо назардошти зарурати тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вусъат додани ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, зарур шумурда шуд.
Атрофи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, экологӣ, нақлиётию транзитӣ ва рафъи хатари минаҳо, ба аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳам гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Аудронюс Ажубалис изҳор дошт, ки "кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд барои ҳалли масоили баҳсноки худ, аз ҷумла ҳалли мушкилоте, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мерос мондаанд, аз имконоти САҲА истифода намоянд". Ӯ ҳамчунин афзуд, ки "ҳалли мушкилоти минтақавии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама сабру таҳаммул ва тадриҷан, қадам ба қадам ба рушди ҳамкории созанда кӯшиданро тақозо менамояд".
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳким ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Литва ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2207