номаҳо
Асли худро фаромӯш насозем
Мулоҳизаҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз хусуси ному номгузории миллӣ зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат водорам намуд, ки сари ин мавзӯъ амиқтар биандешам. Сарвари давлат дар ин мулоқот ёднишон шуд, ки дар интихоби ному насаб анъанот ва ҳувияти миллиамонро бояд риоя намоем, то бо гузашти садсолаҳо асли худро фаромӯш насозем.
Имрӯз мардуми мо беш аз пеш ба худогоҳиву худшиносӣ ниёз дорад, яке аз нишонаҳои он интихоби дурусти ному насаб аст. Хуб аст, ки иддае аз мардуми огоҳ ному насабашро тоҷикӣ кард. Ба хотири пуштибонӣ аз ин иқдом Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, низ шакли тоҷикии насабсозиро барои худ интихоб намуд ва ман гумон доштам, ки ин иқдоми миллатдӯстонаи Раҳбари давлатро тамоми мардум, пеш аз ҳама роҳбарони вазорату идораҳо, пайравӣ мекунанд. Мутаассифона, аксари кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳатто Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар пазируфтани ному насаби тоҷикӣ фориғболӣ зоҳир менамоянд. Ба андешаи ман, пеш аз он, ки дар иҷрои ин ё он амали хайр саҳме гузорем, бояд худ намуна бошем. Чӣ бояд кард, ки насабсозии тоҷикӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана дарояд? Ба назари ман, сараввал бояд дар тамоми қаламрави кишвар меъёри ягонаи насабсозии миллиро ҷорӣ созем. Мисли Сомиён Сӯҳроб Рустам, Ковусиён Эраҷ Фаридун. Ин ҷо бояд зикр кард, ки агар ному насабро дар шакли "Сӯҳроби Рустам" ифода намоем, он дар мавридҳои алоҳида ба шакли "Сӯҳроби" меояд, ки ба мақсад мувофиқ нест. Ва ҳам метавон вариантҳои дигари насабсозии тоҷикиро аз қабили "Сомзода", "Сомӣ" истифода намуд.
Инчунин барои дар насабсозӣ ба саҳву хато роҳ надодан бояд кормандони муассисаҳои шиносномадиҳӣ ва шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат фаро гирифта шаванд. Дар он ҷо пеш аз ҳама бехато омода сохтани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсиятро омӯзанд.
Фаридун Зеҳнӣ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4063