номаҳо
Дорухонаро баргардонед
Хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ягона бинои дорухонаи маркази ноҳияро ба як нафар соҳибкор фурӯхтанд.
Бояд зикр намуд, ки бинои мазкур солҳои 1978 дар қатори биноҳои қасри фарҳанг, ШКД-и ноҳия, раёсати молия ва идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, боғчаи бачагонаю кинотеатр аз ҳисоби даромадҳои колхози шӯҳратдори Телман сохта ба истифода дода шудааст. Дорухона чун корхонаи истеҳсолӣ 40 номгӯи доруҳои обакиву хока, ҳаб ва малҳамҳои молиданӣ тайёр намуда, се дорухонаи ҳудуди ноҳияро бо дору сари вақт таъмин менамуд. Инчунин ба 104 нафар иштирокчии ҶБВ, Чернобил, интернатсионалист хизмати ройгон мерасонд.
Бо собиқаи 50 -солаи дорушиносиам 6 соли охир роҳбарии ин дорухонаро ба зимма доштам. Вақте фаҳмидам, ки дорухонаро ба музояда гузоштаанд, банда низ бо вуҷуди ғайриқонунӣ сурат гирифтани ин амал, дар музояда ширкат намудам. Қимати дорухонаро ба 105 ҳазор сомонӣ боло бурда бошам ҳам, онро ба инобат нагирифта, ба нархи 40 ҳазор ба бародарон Ёровҳо фурӯхтанду ҳуҷҷатгузорӣ карданд. Куҷост мантиқ?! Гарчанде аз 20 июли соли 2009 бародарон Ёровҳо ин амволро шахсӣ кунонда бошанд ҳам, то ҳол боре кушода будани дари онро надидаем. Биноро каму беш таъмир намудаву қуфл ба дараш заданд.
Тарсам аз он аст, ки дар оянда барои шахсикунонии мактабу беморхонаҳо ва фурӯши дигар иншоотҳои фарҳангӣ дорухонаи № 40-ро бо ангушт ишора насозанд, ки чаро фурӯши дорухона иҷозат будаасту дигар иншоотҳо не.
Замон ОРТИҚОВ, ноҳияи Қубодиён
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4097