номаҳо
Мактаби
замонавӣ мехоҳем
Деҳаи Ҷӯйбодоми Рӯдакӣ қариб даҳ ҳазор аҳолӣ дорад, вале дар он ҳамагӣ як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад, ки он ҳам барои 860 ҷойи нишаст, дар аввали солҳои 1970-и асри гузашта сохта шуда буд. Имрӯз бо гузашти 40 сол теъдоди хонандагон ба 2100 нафар наздик шудааст. Дар синфхонаҳо аз 30 то 40 нафар хонанда ҷо карда мешаванд. Оё дар 45 дақиқаи соати дарсӣ муаллим имкон меёбад, ки ин 30-40 нафарро пурсад ва боз мавзӯи навро фаҳмонад?
Мо чизи зиёде намехоҳем. Мехоҳем фарзандони мо шоистаи таҳсил дар мактабҳои замонавӣ бошанд. Ин на аввалин бор аст, ки аз мушкили худ менависем. Нахустин муроҷиати расмии як гурӯҳ сокинони деҳа 20 январи соли 2006 унвонии раиси вақти ноҳия Хол Машрабов равона шуда буд. Бо гузашти рӯзҳову моҳҳо ҷавобе наомад.
26 июни соли 2007 ба номи раиси нави ноҳия Мансур Қодиров нома ирсол кардем. Он низ беҷавоб монд.
Оқибат ба номи раиси нави ноҳия С. Тағоев номаи дигар ирсол кардем. Боз ҳам акси садо ба гӯшамон нарасид. Ба ин натиҷа расидем, ки шояд ин бор низ моро касе напурсад.
Ба хулоса омадем, ки номаи худро ба гӯшаи "Розу ниёз"-и рӯзномаи "Ҷумҳурият" ирсол кунем. Шояд баъди чопи он мақомоти масъул ба мо ҷавоб гӯяд?!
А. ТОҲИРОВ, С. НАЗАРОВ, Л. АЪЗАМОВ, С. ПАРТОЕВА, Б. АБДУЛЛОЕВА,
ҷамъ 35 имзои истиқоматкунандагони деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4015