номаҳо
"Буҷети маҳалла" таъсис ёбад
"Буҷети маҳалла" барои иқтисоди кишвар чун омили асосӣ хизмат мерасонад ва он гарави пешрафт аст. Агар он таъсис ёбад, барои бунёди устувории меҳру мурувват, осоиштагӣ, якдилӣ мусоидат карда, боварӣ ба фардоро афзун месозад. Он аз ҳисоби маблағҳои аҳли маҳалла ташкил меёбад.
Баробари таъсиси "Буҷети маҳалла" лозим аст дар деҳот филиали бонкҳоро кушоем, зеро он барои бунёди инфраструктураи деҳа, умуман тарзи нави кор шароит фароҳам меорад.
Аъзои "Буҷети маҳалла" барои таъминоти иқтисодию иҷтимоии маҳалла масъуланд.
Онҳо бояд барои аълочиёни хониш стипендия таъсис диҳанд.
Инчунин пардохти маблағи газ, қувваи барқ ва баъзе намудҳои андоз аз ҳисоби ин буҷет бояд дода шавад.
Барои ривоҷи ин кор ва самараи он бояд шахсони масъул таҳсилдидаву пуртаҷриба бошанд, бо дасту дилу нияти пок фаъолият намоянд, то дар рушду нумӯи маҳалла саҳм бигиранд. Инчунин байни маҳаллаҳо мусобиқаҳоро баргузор намоянд. Таъсиси чунин буҷет дар мамлакатҳои пешрафта маъмул ва самараи нек овардааст. Аз ин рӯ таъсиси он аз манфиат холӣ нест.
Икром ИСЛОМОВ,
деҳаи Қӯштегирмони ноҳияи Спитамени
вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3953