номаҳо
Суд адолатро барқарор кард
Имрӯз шукри истиқлол, шукри ободиву осудагии Ватани маҳбубамонро мекунам. Шукргузорам, ки бо сарварӣ ва ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакатамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ваҳдату ягонагӣ расид ва сулҳу адолат дар кишвар тантана кард. Мо ҳар рӯз шоҳиди равнақ гирифтани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Ватани азизамон ҳастем. Ман ҳамеша фарзандону наберагонамро насиҳат мекунам ва ҳушдор месозам, ки ба он ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки моро ба гирдоби бадбахтиву даҳшату ваҳшоният печонда буд, бо чашми ибрат нигаранд. Ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва ба Ватан содиқона хидмат намоянд.
Дар ҳама давру замон ҷанг ба мардум хисороти зиёд, ғаму андӯҳ, тарсу ваҳм, оворагию гуруснагӣ ва бадбахтӣ меорад. Солҳои тӯлонӣ мебояд, то ин ки ҷароҳатҳои он шифо ёбанд.
Ман бо шавҳарам Маҳмадкарим Нидоев аз соли 1994 то соли 1996 дар манзили истиқоматии комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод бо се фарзанд зиндагӣ доштем. Бинобар нооромии вазъи ноҳия ба Душанбе омадем. Соли 1997 то ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ба манзили истиқоматиамон баргаштем. Вале онро аз ашёи рӯзгор холӣ ёфтем.
Дар набудани мо чандин нафар дар он ҷо зиндагӣ карда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ онро азони худ кардаанд. Даъвогарони дурӯғин чандин маротиба ба суди ноҳия шикоят карданд, ки онро холӣ намоям. Ҳалли ин қазия дар суд кашол ёфт.
Хушбахтона, моҳи сентябри соли 2010 Файзулло Ҳаётов, судяи суди ноҳияи Нуробод, ин қазияро мӯйшикофона баррасӣ намуда, ҳақиқату адолатро барқарор кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба чунин шахсони поквиҷдону адолатпеша ва ҳақиқатҷӯй арзи сипос менамоям ва дар ҳаққашон дуои хайр мекунам.
Мавҷуда САФИЕВА,
корманди стансияи санитарӣ - эпидемиологии ноҳияи Нуробод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4032