logo

мулоқотҳо

Намояндаи ИМА ба нақши Тоҷикистон дар минтақа баҳои баланд дод

20 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Марк  Гроссман - намояндаи Махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва  Покистонро  қабул кард.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд. "Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он дар асоси усулҳои баробарманфиатӣ ҳамкориҳои пойдору мутақобилан судманд дошта бошад", -гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат.

 Марк Гроссман нақши сиёсӣ ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ басо муҳим номида, ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои эътилофӣ ва ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон арзи сипос намуд.
 Зимни сӯҳбати тӯлонӣ таваҷҷӯҳи бештар ба роҳҳои ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвари азиятдида, омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зоҳир гардид.
 Мусоидат ба рушди ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар минтақа низ чун омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ аз тариқи болобарии сатҳи некӯаҳволии мардум аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
 Ҳарду ҷониб омодагии худро барои дастгирии мушаххас аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва таъмини робитаи мунтазами миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, таъкид намуданд.
 Таваҷҷӯҳи зиёд ба пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону ин кишвар зоҳир гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед