барқияҳо
Барқияи ҳамдардӣ ба унвони Президенти Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябр ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Аз хабари ба фалокат дучор гардидани ҳавопаймои мусофирбар, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалок шудаанд, хеле андӯҳгин гардидам. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ ба Шумо аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил ҳамдардӣ баён менамоям. Аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда бирасонед».
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 10451