сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Фахробод дидан кард
22 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мавзеи овозадори Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо рафти бунёди боғу токзори намунавӣ дар он ҷо аз наздик шинос шуд.
Тавре зикр гардид, мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд.
Тайи ду соли охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Давоми соли 2010 ва нимаи якуми соли 2011 аз ҷониби аҳли хоҷагии Асадулло, ки дар қисмате аз хоҷагии пешини Фахробод таъсис ёфтааст, аллакай дар майдони 601 гектар боғу токзори намунавӣ бунёд гардидааст. Инро метавон нишондоди рекордӣ номид, зеро дар беҳтарин солҳои замони шӯравӣ ба як хоҷагии боғпарвар барои бунёди 500 гектар боғ 10 сол мӯҳлат дода мешуд. Дар 601 гектар боғу токзори намунавии хоҷагии Асадулло зиёда аз 600 нафар мутахассису боғпарвари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, солҳои наздик бо афзоиши майдони боғу токзор дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳад шуд.
Бо вуҷуди шӯҳрати зиёди қаблиаш, солҳои пешин дар ин хоҷагӣ, асосан навъҳои барои шаробу шарбат пешбинишудаи ангур, чанд навъи себу нок ва дигар меваҳо парвариш меёфтаанд.
Имрӯз бошад, дар ин ҷо аллакай 11 намуди ток парвариш меёбад ва минбаъд дар ин мавзеъ 21 навъи ин меваи биҳиштӣ рӯёнда хоҳад шуд. Ғайр аз ин, имрӯз аллакай дар 355 гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму, дар 198 гектар токзори нав ва қариб 50 гектар дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Хоҷагӣ дар 30 гектар ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва мекӯшад, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.
Натиҷаи кори босамари роҳбарияти хоҷагӣ аст, ки ҳоло барои ду сол захираи ғалладона ва хӯроки чорво доранд ва дар муқобили ҳар гуна хушксолӣ ва дигар офатҳои табиат метавонанд бо қувваи худӣ истодагарӣ кунанд. Ин аст, ки роҳбарияти хоҷагӣ соли гузашта ба ҳар як мутахассису аъзои хоҷагӣ ғайр аз маоши моҳона аз 500 то 1100 килограммӣ гандуми истеъмолӣ додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо назардошти имкону захираҳои мавҷуда дастур дод, ки дар ин хоҷагӣ ҳамчунин парвариши чорво васеъ ба роҳ монда шавад. Ин супориш, аз ҷумла ба он хотир дода шуд, ки хоҷагӣ дар зиёда аз 800 гектар гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо кишт мекунад ва парвариши ин зироатҳо имкони хуби рушди чорводориро фароҳам меорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, тамоми гӯшаю канори заминҳои ин хоҷагӣ, аз ҷумла токзори нав, қитъаҳои боғҳои навбунёди зардолу, бодом, гелос, шафтолу, писта, себу нок, олу ва ғайраро аз наздик дидан карда, дар чанд мавзеъ бо дасти худ якчанд навниҳол шинонд ва зимни сӯҳбатҳои самимӣ ба деҳқонону мутахассисон маслиҳатҳои муфид дод.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат парвариши боғу токзор бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ин мавзеъ ба як мактаби хуби таҷрибавии олимону мутахассисони соҳа ва ҳунаромӯзии донишҷӯёну мактаббачагон табдил ёбад.
Тавре аён гардид, мардуми Ҷамоати деҳоти Даҳанакики ноҳияи Хуросон аз ободшавии дубораи мавзеи Фахробод, муҳайёгардии ҷойҳои нави корӣ, беҳшавии шароити рӯзгори худ ва эҳёи шӯҳрати пешинаи ин мавзеи овозадор хушҳолу сипосгузоранд.
Зимни шиносоӣ бо қитъаи 76-гектараи боғи навбунёди зардолу Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахустин донаҳои тарбузу харбузаро шинонда, ба кишти полезиҳо оғоз бахшид ва маслиҳат дод, ки дар миёни қатори ниҳолҳо то ба воя расидани онҳо полезию дигар зироатҳо кишт карда, заминҳоро босамар истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар яке аз мавзеъҳо бо кори мутахассисони соҳаи обёрӣ, ки ба ин мавзеъ аз рӯди Кофарниҳон оби нӯшиданию кишоварзӣ мебароранд, аз наздик шинос шуда, ба роҳбарият ва аъзои масъули хоҷагӣ дастур дод, ки пеш аз ҳама аҳолии деҳоти Фахрободро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд, то ки аз ин кори хайру савоб фаъолияти хоҷагӣ барору вусъати тоза пайдо кунад.
Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин аллакай 2 миллиону 200 ҳазор метр лӯлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.
Ҳамид Азизов, роҳбари хоҷагӣ, аз таваҷҷӯҳи хоси Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба эҳёи ин мавзеъ ва аз муҳаббату самимияти беандозаи ӯ ба неъматҳои фаровони табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз илҳом гирифта, азм дорад, ки бо сафарбар намудани имкону захираҳои мавҷуда супоришҳои падаронаи ӯро аз дилу ҷон иҷро намояд.
Чунонки зикр гардид, роҳбарияти хоҷагии навташкили "Асадулло" корҳои зиёди хайру савоб низ ба роҳ мемонад. Аз ҷумла чанде пеш аз ҷониби онҳо хатнасури якҷояи 167 писарчаи оилаҳои камбизоати деҳоти атрофи хоҷагӣ гузаронида шудааст.
Хулласи калом, хурду калон ва пиру барнои Фахробод имрӯз барои ободонии дубораи ин мавзеи зебою дилкаш камари ҳиммат мустаҳкам бастаанд ва бовар доранд, ки шӯҳрати он аз пешина ҳам бештар хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2361