суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд, дар ҷаласаи Шӯро, 27 майи соли 2011
Мӯҳтарам аъзои Шӯрои миллии рушд!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро масъалаҳои стратегӣ ва ҳамзамон бо ин, масоили рӯзмарраи кишвар, яъне таъмини рушди устувор, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум баррасӣ шуданд. Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳалли масъалаҳои зикршуда аз ҳамаи мо фаъолияти муназзам ва дастаҷамъонаро тақозо менамояд.
Яъне дар раванди таъмин кардани инкишофи иқтисодии мамлакат иштироки ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ муҳим мебошад. Дар давоми солҳои охир зимни татбиқи тадбирҳои Стратегияи миллии рушд ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки суботи иқтисодиро дар кишвар таъмин намуда, сатҳи камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Ноил гардидан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ тӯли солҳои охир аз 72 то 45 фоиз коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагии қариб 2 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардида, онҳо аз камбизоатӣ раҳо ёбанд. Ҳамзамон бо ин, пешбинӣ мегардад, ки дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар то соли 2012 рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, ки ин тадбир наздики 500 ҳазор нафарро аз камбизоатӣ раҳо хоҳад дод. Ин нишондиҳанда дар давраи зикргардида дар маҷмӯъ то 41 фоиз коҳиш дода мешавад.
Тибқи таҳлилҳо дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ иқтисодиёти кишвар ба таври устувор афзоиш ёфта, рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 6 фоизро ташкил намуд ва ҳаҷми он ба 6 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ба таъмин гардидани рушди мӯътадили иқтисодиёти кишвар бештар бахшҳои асосии он, яъне афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,9 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана 7,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 15,3 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 10 фоиз мусоидат намуданд.
Гузашта аз ин, иқтисодиёти мамлакат дар давраи бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ раванди мусбати худро нигоҳ дошта тавонист. Дастовардҳои зикргардида моро водор месозанд, ки кӯшишу талошҳои худро боз ҳам тақвият бахшем.
Пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар заминаи таҳаввулоти илми муосир ва падидаҳои пешқадами ҷаҳонӣ барои таъмини рушди устувор дар кишвар мунтазам тадбирҳои муассир андешида шаванд. Зеро барои нигоҳ доштани мавқеи устувор дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир мо бояд иқтисодиёти кишварро ба таъсири эҳтимолии омилҳои, пеш аз ҳама, берунӣ мутобиқ гардонем ва самтҳои осебпазири онро пайваста ташхис ва бартараф намоем.
Ҷаҳони муосирро қазияҳои зиёди иқлимиву табиӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифтаанд, ки ин ҳама дар маҷмӯъ татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳоро барои таъмини рушд, алалхусус дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мушкил гардонида, ҳамгироии иқтисодиро дар сатҳи минтақаву ҷаҳон халалдор месозад. Аз ҷумла, ноустувории молиявии ҷаҳонӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро дар муқобили зуҳуроти бӯҳронӣ боз ҳам ҳассосу осебпазир намуда, боиси коҳиш ёфтани воридоти сармоя ва пастравии суръати рушди иқтисодӣ дар ин кишварҳо гардида истодааст.
Дар баробари ин, дар бозори истеъмолии кишвар зуҳуроти номатлубе арзи вуҷуд карда истодаанд, ки онҳо дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд. Алалхусус, болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, ки дар натиҷаи афзоиши нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани боҷу пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои содиркунанда ба вуқӯъ пайваст, суботи бозори истеъмолӣ ва ҳамзамон ҳолати иҷтимоиро дар кишвар халалдор намуд. Аз ин сабаб сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ то ба 6,1 фоиз расидааст.
Вазъияти баамаломада ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва ин раванд, пеш аз ҳама, табақаҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта истодааст, ки боиси нигаронист. Аз тарафи дигар, масъалаҳои вобаста ба таъмини озуқавории кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳанӯз ҳамчун қазияи ҷиддӣ ва ҳалталаби асри мо боқӣ мемонад.
Ин омили манфӣ сабаби асосии авҷ гирифтани қазияи дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне фақр ва камбизоатӣ мебошад. Илова бар ин, афзоиши бемайлони шумораи аҳолии ҷаҳон ва бӯҳронҳои демографӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин таъмини истифодаи самараноки захираҳои табииро мушкил гардонидааст. Омили мазкур ба ҷараёни таъмини аҳолии ҷаҳон бо шуғли муайян ва рушди нерӯи инсонӣ низ таъсири манфӣ дорад.
Ҳамчунин дар арсаи ҷаҳонӣ масъалаҳои глобалии коҳиш ёфтани захираҳои табиӣ ба миён омадааст, ки ин омил низ яке аз сабабҳои асосии ноустувории экологӣ ва тағйирёбии иқлими ҷаҳони имрӯза маҳсуб мегардад.
Дар шароити тағйирёбии бемайлони иқлими ҷаҳонӣ ва пайиҳам сар задани офатҳои табиӣ эҳтимолияти шиддат гирифтани ин масъалаҳо бештар мегардад ва рушди устувор дар миқёси байналмилалӣ халалдор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки иқтисодиёти Тоҷикистон низ ҳамчун узви фазои иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин қазияҳо мустақиман вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, дар раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ бояд таъсири ҳар яке аз ин омилҳо ба инобат гирифта шавад.
Дар ин раванд дастгириву ҳамкориҳои самарабахши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон басо муҳим мебошад, зеро истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои хусусияти глобалидошта муфид мебошад. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи афзалиятҳои миллии хеш риояи ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҳамчун принсипи муҳим арзёбӣ ва муайян намудааст.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ сол муқаддам ба Эъломияи ҳазорсола шомил гардид ва дар доираи он як қатор барномаҳои стратегии дарозмӯҳлату миёнамӯҳлатро таҳия ва қабул намуд, ки онҳо чун санадҳои баёнгари мутобиқати ҳадафҳои стратегии кишвар ба густариши муносибатҳои байналмилалӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло мо дар нимаи татбиқи он қарор дорем. Бинобар ин, мувофиқи мақсад мешуморем, ки мо дар баробари арзёбии натиҷаҳои татбиқи 5 соли Стратегия нақшаҳои минбаъдаамонро барои нимаи дуюми он, яъне 5 соли оянда баррасӣ ва дақиқ намоем.
То имрӯз дар доираи татбиқи ин ҳуҷҷати муҳиму стратегии кишвар ва дар заминаи самтҳои афзалиятноки муайянгардида ислоҳоти иқтисодӣ ва як силсила тадбирҳои беҳдошти соҳаҳои иҷтимоӣ анҷом дода шуданд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо фарогирии аҳолии синни мактабӣ бо маълумоти ибтидоиву миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт, сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ баланд бардошта шуд ва дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ беҳтар гардид.
Дар 5 соли минбаъда мо ҷиҳати ноил гардидан ба аксари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла ба таври назаррас коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳамгироии иқтисодӣ, фарогирии пурраи аҳолии синни мактабӣ бо маълумоти ибтидоиву миёна, беҳдошти саломатии аҳолӣ, пеш аз ҳама, тандурустии модару кӯдак ва беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ вазифаҳои воқеиро муайян намуда, ба хотири таъмини онҳо кӯшиш хоҳем кард.
Тамоми афзалиятҳои миллии кишвар ва самтҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ, ки аз рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо, ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва рушди нерӯи инсонӣ иборат мебошанд, дар ин ҳуҷҷати стратегӣ муайян гардидаанд.
Дар раванди татбиқи самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд минбаъд низ барои таъмини шароити мусоиди рушди макроиқтисодӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки масъалаҳои вобаста ба татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар зери назорат ва арзёбии доимии роҳбарияти мамлакат қарор дорад.
Ҳукумати кишвар масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиро бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати мукаммал гардонидани ин раванд муколамаҳо доир менамояд. Аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Стратегияи муштараки ҳамкории кишварӣ дар ҷаласаи муштараки Шӯрои миллии рушд ва Форуми рушди Тоҷикистон ба таври васеъ муҳокима гардиданд.
Дар ин муколамаи муфид теъдоди назарраси ҳайатҳои дипломатии кишварҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзида, бо дастовардҳои воқеии Ҳукумат ва нақшаҳои ояндаи он шинос шуданд ва ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд Изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушдро қабул намуданд.
Стратегияи муштараки ҳамкории кишварӣ ҳамчун тасдиқи ӯҳдадории умумии ҳамкорон барои дастгирии мақсадҳои пешрафти Тоҷикистон - Стратегияи миллии Рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ баррасӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, Стратегияи муштарак барои ҳаллу фасли воқеъбинонаи масъалаҳои тамоюли кӯмак барои амалӣ сохтани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012 заминаи хуб фароҳам меоварад.
Дар муддати якуним соли татбиқи Стратегияи муштараки ҳамкории кишварӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷониби Ҳукумат қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. қоидаҳои мазкур вазифаву салоҳияти мақомоти идораи давлатиро ба танзим дароварда, механизмҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниидоравиро такмил медиҳанд.
Дар марҳалаи аввали татбиқи стратегияи мазкур асоси пойдори ҳамкорӣ гузошта шудааст.
Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна таҷрибаи калон дорад ва механизмҳои муайян аз санҷиш гузаштаанд. Дар ин бобат Форуми рушд, ки ба беҳтар шудани муносибати байни Ҳукумат ва ҷомеаи донорӣ саҳм гузоштааст, барои идораи кӯмаки азими ба кишвар расонидашаванда аҳамияти калон дорад. Ба шарофати кори Форум пешрафтҳои муайян дар амалиёти баъзе гурӯҳҳои ҳамоҳангсозии бахшӣ дида мешавад. Дар ин самт фаъолияти гурӯҳҳои сарон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо имконияти калон доранд.
Ҳамчунин соли ҷорӣ Конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти бахши кишоварзӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ қарору тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ба рӯйхати даҳ кишвари асосии ислоҳотчӣ шомил гардидааст.
Мехостам махсус зикр намоям, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии давлат ҷиҳати таъмини ҳамгироии иқтисоди миллӣ ба фазои ҷаҳонии иқтисодӣ талошҳои зиёд дорад. Дар ин ҷода яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумат ин дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба шумор меравад.
Асноди қонунгузории мамлакат, ки масъалаҳои савдои хориҷии мол ва хизматрасониҳо, инчунин ҳуқуқи тиҷоратии моликияти зеҳниро танзим менамоянд, ба меъёрҳои ин созмон мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати тақвият бахшидани раванди дохилшавӣ Нақшаи чорабиниҳоро қабул намудааст, ки дар он ҷиҳати ба анҷом расонидани раванди дохилшавӣ ба ин созмон тадбирҳои зарурӣ муайян гардида, айни замон мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин росто як зумра ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ қабул гардидаанд. Инчунин дар ин давра Тоҷикистон ба як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Протоколи Созишномаи Мадрид ва Конвенсияи Киото шомил гардид.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намоям, ки соли дарпешистода дар кишвар ба вуҷуд омадани душвориҳои муайян низ пешбинӣ мегардад.
Зеро кам гардидани боришот ва хушк омадани зимистони гузашта ба иқтисодиёти мамлакат, хусусан ба бахшҳои кишоварзӣ ва энергетика таъсири манфӣ расонид.
Мо доир ба истифодаи оқилона ва сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, инчунин кам кардани талафоти он ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаем.
Ҳукумати кишвар талош дорад, ки дар ин самт иқтидорҳои наву замонавиро сохта, ба истифода диҳад ва ба ҳамин васила талаботи соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва аҳолии кишварро ба нерӯи барқ таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки иқтисодиёти мамлакат аз омилҳои беруна ва вазъият дар бозори ҷаҳонӣ, ки мо муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии худро дар фазои он барқарор намудаем, мустақиман вобаста мебошад. Дар робита ба ин, мо вазъи иқтисодии ҷаҳонро мунтазам арзёбӣ ва таҳлил мекунем. Бинобар дастовардҳои қаблан зикршуда рушди иқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ ва соли оянда дар сатҳи 107 фоиз муайян гардидааст.
Вобаста ба ин, ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои 2011-2012 мо ислоҳотро дар тамоми самтҳои иқтисоди миллӣ идома хоҳем дод.
Бо ин мақсад вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки дар доираи рушди макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ суръати устувори афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, такмили сиёсати молиявию қарзӣ, мукаммал ва содагардонии низоми андозбандӣ, беҳбуди низоми идоракунии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти иштироки Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонӣ ва рушди туризмро таъмин намоянд.
Ҳамчунин мо саъю талош дорем, ки:
- дар самтҳои беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ такмил дода шуда, ҷиҳати рушд ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорон корҳо идома дода шавад;
- рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт аз тариқи сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти энергетикӣ, ба анҷом расонидани лоиҳаҳои амалкунанда ва пешниҳоди лоиҳаҳои нави инвеститсионии энергетикӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои алоҳидаи саноат амалӣ карда шавад;
- рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани шароит барои рушди инфраструктураи кишоварзӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об, татбиқи кафолатҳо ва ҳуқуқҳои вобаста ба истифодаи замин таъмин гардад;
- сохтмони роҳҳои транзитӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба итмом расонида шуда, вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва нигоҳдории роҳҳои деҳот беҳтар карда шавад ва татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва нави инвеститсионӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа фаъол гардонида шавад.
Соҳаҳои иҷтимоии иқтисоди миллӣ дар раванди таъмини рушд нақши муҳим доранд. Бинобар ин, вазорату идораҳои соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои беҳбуди заминаи моддиву техникӣ ва низоми идоракунии соҳа, баланд бардоштани сифати таълим ва мутамарказгардонии нерӯи илмӣ ба самтҳои афзалиятноки илм, дастрасии таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос тадбирҳои амалӣ андешанд; равандҳои беҳбуди ҳифзи саломатии модару кӯдак, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусиро ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ таҳким бахшанд.
Инчунин зарур аст, ки такмили системаи идоракунии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини дастрасии манбаъҳои раҳоӣ аз камбизоатӣ, тақвияти ислоҳоти низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таҷдиди тартиби пардохт ва хизматрасонии иҷтимоӣ идома дода шавад.
Умуман, барои дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ дар соли ҷорӣ ва соли оянда аз ҷониби тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷоннок намудани фаъолият барои дар амал тадбиқ намудани афзалиятҳое, ки Ҳукумат муқаррар намудааст, тақозо мегардад.
Барои иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама ҷиҳати дастгирии рушди устувори макроиқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт тавассути навсозӣ ва диверсификатсияи он, дастгирии бахши хусусӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ, таъмини самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии рушди бозори меҳнат ва рушди сармояи инсонӣ бояд табдирҳои лозимӣ андешида шаванд.
Бори дигар таъкид месозам, ки таъмини ин раванд, инчунин татбиқи самараноки Нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштарак фақат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самараноку имконпазир мегардад. Дар ин замина тавсия мегардад, ки натиҷаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштарак моҳи декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд бо иштироки васеи вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ карда шаванд.
Зимни натиҷагирии он соли оянда дар яке аз кишварҳои хориҷа ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафарбаркунии захираҳои иловагӣ конфронс оид ба Тоҷикистон гузаронида шавад.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориро бо шарикони рушд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3172