номаҳо
Камбудиҳои ошкоргашта ислоҳ шуданд
Ҳар санҷиш ва назорате, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гузаронида мешавад, пеш аз ҳама ба манфиати ҳамон идораву ташкилот, корхонаву муассиса, дар маҷмӯъ бар суди ҷомеа мебошад.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе" ҷонибдори чунин санҷишҳо буда, мақолаи Бахтиёр Валиев, сардори шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2- "Пойтахт: истифодаи аттраксионҳо қатъ гашт"-ро ("Ҷумҳурият", 30.04.2011, № 60-61) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд. Камбудӣ ва норасоиҳое, ки дар боғи ҳайвонот аз ҷониби мутахассисон ва кормандони прокуратура ошкор гардиданд, ислоҳи пурраи худро ёфтанд.
Ягона чархофалаке, ки бо номи "Офтобак" дар боғи ҳайвонот мавҷуд аст, айни замон ҳолати хуби техникӣ дорад. Мо бо ҶДММ "Васл -саноат" ба муддати 4 сол шартномаи ҳамкорӣ бастем. Аттраксион аз қайди давлатӣ ва ташхиси техникӣ гузаронида шуд. Ҷадвали таъмир ва китоби муоинаи техникӣ ташкил кардем. Инчунин, дастурамали вазифавӣ ва фармоиш дар бораи тақсими вазифаҳо мавҷуд аст. Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шароити меҳнат ба талаботҳои бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе" аз чунин санҷишҳо хулосаи даркорӣ бароварда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ҷашни 20 -солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ боғро боз ҳам ободу зеботар гардонда, дар сарсабзии пойтахти Ватан -шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузоранд.
Н. САТТОРОВ,
директори Муассисаи давлатии
"Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1504