logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Тариқ Иқбол Пуриро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 2 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистонро, ки таҳти роҳбарии Тариқ  Иқбол  Пурӣ, раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон,  тайи се рӯз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорону тоҷирон баррасӣ гардиданд.
 Тариқ Иқбол Пурӣ нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  доир ба натиҷаҳои мулоқоту сӯҳбатҳои серӯзаи гурӯҳи 118 - нафараи соҳибкору тоҷири Покистон  бо роҳбарони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузориш дод.
 Аз ҷумла зикр гардид, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, пашму пӯст, меваю сабзавот, истеҳсоли семент, рушди тиҷорати мутақобила ва дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тавофуқоти зиёд ҳосил шуд. Доир ба бунёди як корхонаи нассоҷӣ барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти  ниҳоӣ созишнома ба имзо расид.
 Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба густариши ҳамкории энергетикӣ, ба роҳ мондани интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва таъмини робитаи доимию ногусастании ду кишвар аз тариқи роҳҳои заминию ҳавоӣ таъкид намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ, омӯзишӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

www.president.tj

* * *
Соҳибкорони покистонӣ ба дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастанд. Онҳо дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди ба роҳ мондани заминаҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, истеҳсоли семент ва дигар самтҳо мувофиқа ҳосил кардаанд.
Тариқ Иқбол Пурӣ, раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон, дар ҷамъи хабарнигорони тоҷику покистонӣ натиҷаҳои мулоқоти доираи васеи соҳибкорони ин кишвар бо Эмомалӣ Раҳмонро самарбахш арзёбӣ кард.
- Мо дар мулоқот бо Ҷаноби Президент дар баробари дигар мавзӯоти муҳими ҳамкорӣ ва мавриди таваҷҷӯҳ, ҳамчунин масоили густариши равобит аз тариқи роҳҳои ҳавоиву заминиро баррасӣ кардем,- изҳор дошт Тариқ Иқбол Пурӣ. Мавсуф итминон дод, ки талошҳои ду ҷониб дар самти ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистону Покистон натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва дар ояндаи наздик хати парвози ҳавопаймоҳо низ фаъол мегарданд.
Ҷониби Покистон ҳамчунин ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ки барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол медиҳад, баён намуда, омодааст дар сармоягузории ин тарҳ саҳм гузорад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед