илм
Гиреҳҳои нокушуда боз мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори кишварҳои узви ИДМ ба кори худ шурӯъ кард
Дар арафаи баргузории Анҷумани сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори кишварҳои узви ИДМ муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ барои самарабахшу пурмаҳсул гузаштани ҳамойиш ва мусоидати он ба рушди ҳамкориҳои илмии кишварҳои узви ИДМ омода мешаванд. Сӯҳбати хабарнигори мо бо Ҳаким Аҳмадов, саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар ҳамин хусус аст.
-Мӯҳтарам Ҳаким Мунавварович, муаррихони шинохтаи ҷаҳон гузаштагони моро бо нобиғаҳои бешумораш дар радифи миллатҳои маърифатпарвару соҳибилм ном бурдаанд…
-Дар ҳақиқат, фаъолияти илмиву пажӯҳишӣ дар таърихи тамаддуни миллии мо падидаи нав нест. Тоҷикон аз қадимулайём мардуми илмдӯсту маърифатпарвар будаанд ва дар арсаи илми ҷаҳон нобиғаҳои зиёде додаанд. Онҳо дар ҳамаи давру замонҳо баҳри андӯхтани донишҳо талош варзиданд. Ниёкони мо ҳатто ба василаи панду андарзу ҳикмат ҳам маърифатро ташвиқ менамуданд. Ривоятест, ки рӯзе Анӯшервони одил аз вазири худ Бузургмеҳр суол мекунад:
-Мардумро кадом шуғл беҳтар аст?
-Таҳсили илм,-мегӯяд дар ҷавоб вазир.
Шоҳ аз ин посух ба шигифт омада аз ӯ мепурсад, ки илм чӣ натиҷа диҳад, ки онро аз беҳтарини шуғлҳо меҳисобӣ?
-Агар кеҳтар бошӣ, меҳтар гардӣ ва агар фақир бошӣ, тавонгар гардӣ,-посух медиҳад Бузургмеҳр ба ӯ.
Ин гуна панду андарзе, ки мардумро ба фаъолияти илмӣ талқин мекунанд, дар осори фарҳанги миллии мо кам нестанд. Чунончи:
-«Роҳи рост ба чӣ шинохта шавад?
-Ба равшании илм».
Ва ё
-«Машварат бо кӣ бояд кард?
-Бо марди доно» дар байни омма бисёр маъмул буд.
Дар раҳоӣ аз ваҳшату сахтиҳои ҳаёт ва рушди ҷомеаи башарӣ илм нақши бемисле дорад. Ва ин маҳсули зеҳнии башар аз нодиртарин сарватест, ки ба ҷомеаи башар, сарфи назар аз нажоду миллату дину оинаш нафъи баробар мерасонад. Дар таърихи ҷомеаи инсонӣ ҳамаи тамаддунҳову фарҳангҳо ва санъату адабиёту кешу оинҳо ҳамеша мутааллиқи ин ё он қавм ва ё миллат будаанд, вале илм ҳеҷ гоҳе миллӣ набуд ва миллӣ ҳам буда наметавонад.
Нобиғагонро агарчи миллате парваридааст, маҳсули эҷоди онҳо барои кулли инсоният нафъи баробар дорад ва аз ин лиҳоз онҳоро бо ифтихор ҳамаи миллатҳо фарзанди худ медонанд.
Ҳеҷ нобиғае нест, ки бидуни омӯзиши маҳсули зеҳнии тамоми мардуми ҷаҳон дар ин ё он соҳаи илм ба кашфиёти нодиру пурарзиш муваффақ шуда бошад. Яъне заминаҳои маърифату пажӯҳишии ӯ аз манбаъҳои илмии тамомии миллатҳо сарчашма мегиранд. Аз ин нуқтаи назар бидуни густариш ёфтани робитаву ҳамкориҳои илмӣ дар байни кишварҳои гуногуни ҷаҳон кашфиёти асил имконнопазир аст.
-Дар ин замони рушди босуръати илму техника ва шиддат гирифтани сели ҷаҳонишавӣ, ки заминаҳои илмии кишвари мо бисёр коста аст, бидуни харҷи маблағҳои калон, оё метавон ба рушди илми тоҷик муваффақ гашт?
-Хушбахтона, ба ҳамин шарофати суръати баланди рушди техника ва шиддати сели ҷаҳонишавӣ, шароите фароҳам омадааст, ки ҳоло робитаву ҳамкориҳо бо олимони кишварҳои ҷаҳон зудтару осонтар даст медиҳанд. Вале, тавре ки маълум аст, солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ муддате алоқаю робитаҳои олимони тоҷик бо кишварҳои дигар аз ҳам гусастанд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои муштараки муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ на танҳо бо мамлакатҳои хориҷии дур, дар айни замон бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки давоми 70 сол таҳти фазои ягонаи сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ қарор доштем, коҳиш ёфт.
Бо фаро расидани вазъи осоишта Ҳукумати ҷумҳурӣ барои эҳёю барқарор намудани ҳамкориҳои муштарак тадбирҳои мушаххас андешид. Нахустин созишномаи байниҳукуматӣ дар бахши ҳамкориҳои илмӣ бо ин кишварҳо ҳанӯз соли 1995 ба тасвиб расид. Ва то имрӯз бо мақсади устувор гардонидани заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои илмӣ бо кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 созишномаи байниҳукуматӣ қабул шуд. Чунин созишномаҳо дар ташаккули фазои ягонаи илму маориф, таҳияи барномаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои илмӣ-технологӣ, таъсиси Шӯрои кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва амсоли он мусоидат намуданд. Инчунин ҳамин гуна созишномаҳо оид ба ташкили статуси барномаҳои илмӣ-технологӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳам ба имзо расиданд. Созишномаи муҳими дигари Ҳукумат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба низоми ҷалби муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисон бобати иҷрои барномаҳои миллии илмӣ-технологӣ аст.Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ривоҷ додани ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва аттестатсияи мутахассисони тахассуси олии илмҳои педагогӣ, соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустию ҷаҳонгардӣ ва ғайра бо ҷумҳуриҳои Федератсияи Русия, Белорус, Украина низ қабул гаштаанд.
-Муассисаҳои илмии ҷумҳурии мо бо кишварҳои узви ИДМ тибқи як силсила шартномаҳои илмӣ низ ҳамкорӣ доранд. Солҳои ахир чӣ гуна шартномаҳои илмӣ ба имзо расиданд ва онҳо чӣ натиҷа доданд?
-Воқеан, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бобати густариши робитаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки илмӣ бо даҳҳо муассисаҳои илмии кишварҳои Русия, Украина, Белорус ва Осиёи Марказӣ шартномаҳои илмӣ бастааст. Давоми даҳ соли охир зимни ҳамкориҳои муштарак пажӯҳишгоҳҳои академия ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гаштанд. Чунончи, дар соҳаи таҳқиқи фауна ва экологияи ҳашаротҳои Помиру Олой Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо Донишкадаи давлатии омӯзгории Борисоглебски Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Тибқи ин шартнома омӯзиши энтомофаунаи қаторкӯҳҳои Қаротегин ва Пётри якум ташкил шуд. Имсол Институти давлат ва ҳуқуқ бо Донишгоҳи дӯстии халқҳо ва Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русия шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ баста, роҷеъ ба мавзӯи «Низомҳои миллии ҳуқуқии кишварҳои ИДМ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ» конфронси байналмилалиро доир намуд.
Ҳамин гуна шартномаҳои ҳамкориро Пажӯҳишгоҳи демография бо Маркази нуфуси аҳолии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов ва Институти демографияи АИ Русия ба имзо расондааст.Ҳамкориҳои муштараки илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳам бо муассисаҳои илмии ҷумҳуриҳои Украина ва Ӯзбекистон натиҷаҳои хуб доданд. Чунончи, оид ба омӯзиши фотосинтези генотипҳои пахта корҳои муштараки олимону мутахассисони тоҷик бо кормандони Институти генетика ва биологияи эксперименталии Академияи илмҳо ва Маркази селексияи пахтаи Ӯзбекистон идома дорад. Инчунин институти мазкур ба лоиҳаи муштараки комплексии Шӯъбаи сибирии АИ Русия «Тадқиқи роҳҳои муосири биотехнологӣ барои гентотипӣ намудан ва интихоби шаклҳои барои хоҷагидорӣ муҳими ғалладона аз ноҳияҳои гуногуни экологии Тоҷикистон» шомил аст. Оид ба омӯзиши генетикаи зироатҳои ғалладонагӣ ҳамкориҳои илмӣ оғоз ёфтанд. Дар соҳаи илмҳои дақиқу техникӣ ва табиатшиносӣ низ пажӯҳишгоҳҳои академия бо муассисаҳои илмии кишварҳои узви ИДМ робита доранд. Чунончи, Институти математика ҳамкориҳои илмиро бо пажӯҳишгоҳҳои математикаи Русия, Донишгоҳи давлатии Маскав ва Институти математикаи Академияи миллии Украина идома медиҳад. Ҳоло онҳо доир ба самтҳои ояндадори математикаи муосир, механика ва информатика мавзӯъҳои тадқиқоти муштаракро муайян мекунанд. Ҳамин гуна робитаҳои илмиро Институти астрофизика бо пажӯҳишгоҳҳои астрономия ва тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Русия ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба роҳ мондааст. Пажӯҳишгоҳи мазкур бо Саррасадхонаи астрономии Академияи миллии Украина низ ҳамкорӣ дорад. Олимони ин муассисаи илмии тоҷик имсол бобати самараҳои сейсмоиносферӣ ва алоқаи аномалияҳои атмосферию заминларза бо Институти физикаи замини Академияи илмҳои Русия тадқиқоти муштарак гузарониданд.
Ин гуна робитаву ҳамкориро Пажӯҳишгоҳи физика ва техника бо Институти физикаи молекулӣ ва атом, Институти физикаи Академияи миллии Ҷумҳурии Белорус ва Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Дубнаи Русия идома дод. Феълан Агентии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳам зимни ҳамкориҳои муштарак бо муассисаҳои илмии кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба дастовардҳо ноил шудаанд. Ҳини пажӯҳишҳо оид ба бемориҳои узвҳои ҳозима ва пайдоиши санги талхаву роҳҳои табобати он Институти гастроэнтерология солҳои зиёдест, ки бо Институтҳои марказии гастроэнтерологии Маскав, Академияи тиббии ба номи И. Сеченов, Донишгоҳи давлатии тиббии Минск робитаи илмӣ дорад. Умуман, ҳамаи муассисаҳои Академияи илмии Тоҷикистон бо ин ё он кишварҳои узви ИДМ ҳамкорӣ менамоянд.
-Илми тоҷик дар бароварди ниёзҳояш аз Анҷумани сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори кишварҳои узви ИДМ чиро интизор аст?
-Баргузории анҷуман саривақтӣ буда, ба рушди фарҳанг ва мавқеъ пайдо кардани он дар фазои ягонаи фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, бечунучаро нақши муҳиме хоҳад бозид. Вале бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ дар соҳаҳои фанҳои дақиқу техникӣ низ ба ҳамкориву робита эҳтиёҷи калон дорад. Зеро аксари миллатҳои дигар, аз қабили русҳо, олмониҳо, белорусҳо ва ғайра, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ дар ҷумҳурии мо ба ҳайси мутахассис кор мекарданд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ватанашон баргаштанд. Иддаи дигари муҳаққиқон, ки ҳоло дар пажӯҳишгоҳҳои мо фаъолият менамоянд, ба синни нафақа расидаанд. Инунин нисбат ба ниёзу эҳтиёҷоте, ки илми тоҷик дар соҳаҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ дорад, робитаҳои илмии мо бо кишварҳои дигар ба он сатҳе, ки зарур аст, қарор надоранд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ақлонӣ мебошад. Ҷавонони боистеъдоду ҳушманди мо ба пажӯҳишҳои илмӣ рағбати зиёд доранд ва аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои зиёди илми муосир мебароянд. Аммо ба сабаби сатҳи пасти зиндагӣ аксарияти онҳо аз фаъолияти илмӣ дур шуданд. Аз ин нигоҳ муассисаҳои илмии пуриқтидори кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, Белорусия, Украина ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ имкони бештари тайёр намудани олимони соҳаҳои бунёдии фанҳои дақиқро доранд.
Олимони мо дар навбати худ зимни ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар қодиранд, гиреҳҳои нокушудаи масъалаҳои мухталифи илмро боз намоянд. Аз ин лиҳоз ба назари ман дар таҳкими равобиту ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва ноил шудан ба фазои ягонаи пуриқтидори илмӣ баргузор намудани Анҷумани олимоне, ки дар соҳаи илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ дар кишварҳои узви ИДМ татқиқот мебаранд, зарур аст.
Хайринисои Расулӣ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7086