сафарҳо
Сафари шашрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо
5 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷом додани сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Гертсогии Бузурги Люксембург ва Ҷумҳурии Маҷористон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1971