туризм
Шанхай – дарвозаи қадимии Чин
Шанхай бузургтарин шаҳри Чин (дорои 14 миллион сокин), яке аз калонтарин шаҳрҳои ҷаҳон, бандари бузурги дарёӣ ва баҳрӣ, шабакаи азими роҳи оҳан маҳсуб меёбад. Ин шаҳр ҳарчанд ҳеҷ гоҳ нақши маркази муҳими фарҳангии кишварро набозида бошад ҳам, ба шарофати мавқеи бениҳоят муваффақонаи ҷуғрофӣ ҳамеша пуле миёни фарҳангҳои Ғарбу Шарқ будааст.
Шанхай дар соҳилҳои шохоби Хуанпуи дарёи калонтарини Чин– Янтсзи, дар наздикии баҳри Чини Шарқӣ ҷойгир аст. Дарё Шанхайро ба ду қисм ҷудо мекунад: Пудун дар соҳили шарқӣ ва Пусун – дар ғарбӣ.
Меҳмононро иқлими субтропикии шаҳр тасхир менамояд: он имкони ташкили сайёҳатро дар ҳамаи фаслҳои сол фароҳам месозад, зеро ин ҷо сутунчаи ҳароратсанҷ қариб ки аз сифр поён намешавад.
Дар натиҷаи сармоягузории хориҷиҳо шаҳр ҷаҳиши бузурги иқтисодӣ кард ва унвони маркази азимтарини молиявию иқтисодии Осиёро мушарраф гашт.
Ҳузури ҳамешагии хориҷиён ба симо ва тарзи зиндагии Шанхай нақши худро гузоштааст. Ин ҷо ҳам, чун дар ҳар мегаполиси аврупоӣ, биноҳои осмонбӯс, меҳмонсароҳои олиҷаноб, марказҳои соҳибкорӣ, тарабхонаҳои дилрабо, бонкҳо хеле зиёданд. Кӯчаҳо моломоли мағозаҳо, дӯконҳои армуғонфурӯшӣ ва марказҳои мӯҳташами савдо мебошанд. Дар Шанхай чаҳор кӯчаи асосии тиҷорат мавҷуд аст. Яке аз онҳо Нанкинлу маҳсуб меёбад, ки 14 километр дарозӣ дорад. Дар он рӯзона танҳо автобусҳо ҳаракат мекунанд. Яъне метавон онро кӯчаи пиёдарав номид. Дар Нанкинлу шумораи зиёди мағозаҳои молҳои чинӣ ва хориҷӣ, беҳтарин тарабхонаҳои шаҳр ва толорҳои зебоӣ мавҷуданд. Се кӯчаи дигари тиҷоратӣ Хуайлу, Сичуанлу ва Тсзинлиндунлу мебошанд. Ҳар кадом бо вижагиҳои худ сайёҳону харидоронро ҷалб менамоянд.
Аз манораи телевизионии Шанхай, ки 468 метр баландӣ дошта, дар Осиё баландтарин ба шумор меравад, метавон чашмандозе ба шаҳр кард. Дар баландиҳои 263 ва 360- метрии манора майдонҳои тамошо ва тарабхонаҳои дилкаш сохта шудаанд. Манора ду осонсури (лифти) баландсуръат дорад, ки дар як сония ҳафт метр ҳаракат менамояд.
Дар маркази Шанхай, дар рӯ ба рӯи бинои маъмурият, майдони шаҳрӣ – дӯстдоштатарин ҷойи истироҳати сокинони он воқеъ гардидааст.
Албатта, мегаполиси муосир бе теъдоди зиёди муассисаҳои фароғатӣ, дилхушӣ, намоишҳо ва осорхонаҳо буда наметавонад – Шанхай барои ҳама гуна завқ аз онҳо дорад. Аз миёни осорхонаҳо барои сайёҳон Осорхонаи фарҳанги секси чинӣ бо ашёҳои нодири хеш хеле ҷолиб мебошад.
Дар самти шарқи марказ ноҳияи Пудун – минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир аст, ки ба шаҳр тавассути ду пул ва ду нақб аз зери дарё мепайвандад. Барои рушди он ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ дар маҷмӯъ 7,2 миллиард доллар сарф кардаанд. Аз лаҳзаи таъсиси ноҳия ин ҷо реҷаи махсуси имтиёз барои сармояи хориҷӣ, ки аз 67 кишвари ҷаҳон ворид мегардад, роҳандозӣ шудааст. Имрӯз дар Пудун 4200 корхона бо иштироки хориҷиён фаъолият дорад. Онҳо қариб 30 % -и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии давлат ва беш аз 60 %-и содироти ноҳияро истеҳсол менамоянд. Ҳамчунин беш аз 120 корпоратсияи трансмиллӣ дар ин ноҳия филиали худро боз кардаанд, ки чунин «наҳанг»- ҳои бозори ҷаҳонӣ ба монанди «Форд», «Ҷенерал Моторс», «Ҷенерал Электрик», «Шарп», «Сименс», «Митсубиши» аз ҷумлаи онҳоянд. Ба шарофати Пудун– маркази азимтарини афкори илмӣ- техникии мамлакат –Шанхай яке аз лоиҳаҳои дорои дурнамои беҳтарини иқтисодиёти Чин шинохта шудааст. Шанхай торафт равнақ меёбад ва сохтмони он бо суръати ҳайратовар идома дорад. Беҳуда намегӯянд, ки нисфи кранҳои борбардори ҷаҳон дар Шанхайанд.
Акнун бо ёдгориҳои меъмории даврони гузашта ошно мешавем. Ва пеш аз ҳама, албатта, бо ансанбли маъбади Буддои нефритӣ, ки соли 1911-1918 бо услуби классикии чинӣ бунёд ёфтааст. Дидании муҳимтарини ин дайри сектаи буддоии «чан» пайкараи думетраи Буддои нишаста мебошад, ки аз нафрити сафед сохта шуда ва бо сангҳои қиматбаҳо ороиш ёфтааст. Дар ғурфаи асосӣ бошад, мо якбора бо се буддои зарҳалӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки рамзи Гузашта, Имрӯз, ва Оянда мебошанд.
Дар маркази Шанхай таваҷҷӯҳи сайёҳонро бинои калисои православӣ ба худ ҷалб менамояд. Намуди берунии он калисои Исои Наҷотбахшро ба ёд меорад. Ин бино соли 1933 ба маблағи муҳоҷирони ба истилоҳ «сафед»- и рус сохта шудааст ва онҳо ин калисоро «Кремли православияи чинӣ» ном мебурданд. Калисо 35 метр баландӣ дорад ва дар он дар як вақт 2500 нафар ибодат ба ҷо оварда метавонистанд. Вале муҳоҷирон батадриҷ ба дигар кишварҳо (ИМА, Канада, ва Австралия) рафтанд ва соли 1965 охирин пири калисои ҷомеъ Ду Женчен аз ҳаёт даргузашт. Аз ҳамон вақт ибодат дар ин калисо қатъ ёфт ва давоми 20 сол он ҳамчун анбор истифода шуд. Баъд дар он тарабхона ва биржаи фондӣ ҷо гирифтанд. Алҳол дар бино корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд ва ашхоси онро ба иҷора гирифта маркази рақсу дилхушӣ бунёд карданианд…
Пеш аз бозгашт боз ҳам хоҳиши зиёрат моро ба сӯи Буддои нефритӣ мекашад. Ва бори дигар дар рӯ ба рӯи мо се пайкара пайдо мешаванд: Буддои Гузашта бо чеҳраи гирифтаи пуршукӯҳ ва Буддои Имрӯз бо симои ҷиддии корӣ. Буддои Оянда бошад, ба бандаҳои миранда, ки талошу хоҳиши зиёди ақаллан лаҳзаяке нигаристан ба фардоро доранд, оқилона ва андаке тамасхуромез чашм меандозад. Ва ногаҳон, маҳз ба сӯи мо нигоҳ карда, тавтеъагарона чашмакӣ мезанад… Ё ин бозии нур аст? Албатта, албатта! Вале ба дили мо осудагӣ ва шодие мебахшад ва мо аз пайи кори худ меравем. Ва мешитобем, мешитобем ба сӯи оянда.
Тарҷума аз китоби «50 великих городов мира»,
Харков, ФОЛИО, 2006
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8520