номаҳо
Дар тарбияи насли наврас саҳм мегирем
Мо, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рафъгарони осебҳои садамаи Чернобил ва ҷанговарони интернатсионалист дар Афғонистон, мехостем бо истифода аз ин минбари баланд барои ғамхории доимӣ ва рӯзафзун ба Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлат, арзи сипос намоем.
Суханони Сарвари давлат дар бораи он ки "ҳаргиз мо мӯйсафедонро дар ҳама ҳолат танҳо намегузорем" рӯҳу илҳоми тоза ва нерӯи зиндагиамон бахшид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мо дар ҳама идҳо ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонад. Ҳангоми аёдату зиёрат таъкид мекунад, ки ҷомеаи навини Тоҷикистон пиронро бояд иззату эҳтироми хоса намояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо омодаем дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузорем.
Мирисмон АБДУЛЛОЕВ,
иштирокчии Ҷанги Бузурги
Ватанӣ, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4026