номаҳо
Ҷони оча
Дурбибӣ ба тифлаш ҷон бахшиду худ ҷонашро аз даст дод. Хешовандон тифлро дар таваллудхона гузоштанду аз паи гӯру чӯби модари ҷавонмарг шуданд.
Ин айём Қудсия низ дар таваллудхонаи деҳаи Ғӯсари Панҷакент духтарчае ба дунё оварда буд. Гиряи тифли Дурбибӣ пайваста ба гӯшаш мерасид ва дилашро ба дард меовард. Аз хоҳари шафқат илтимос кард, ки тифлро назди ӯ орад. Нӯҳ рӯз-то омадани наздикони Дурбибӣ ӯро қатори духтарчааш сина дод.
Падари тифл - Мирзообид аз деҳаи Дашти Қозӣ омад, ба Қудсия изҳори сипос карду писарчаашро бо худ бурд.
Аз байн бисту чор сол гузашт. Боре Қудсия дар омади гап ин қиссаро дар нишасте ба ёд овард.
Ин қисса аз даҳан ба даҳан то гӯши ҳамон тифл, ки Ёдгораш ном карда буданду акнун ҷавони баркамол аст, расид. Ва рӯзе назди дарвозаи Қудсия мошини сабукраве бозистод. Аз он чанд нафари ношинос берун омаданд. Онҳо Ёдгори 24 сола ва хешу табораш буданд. Ҳамоне ки Қудсия шираш дода буд...
Ҳоло Ёдгор, падараш Мирзообид, модарандараш пайваста аз ҳоли Қудсия, ки анқариб шавҳарашро аз даст дод, бохабар мешаванд. Дар тӯи арӯсии духтаронаш Ёдгор бародарвор хидмат кард. Қудсия бошад, дар тӯи хонадоршавии ӯ чун модар якандози қуроқ дӯхт.
Ёдгор ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия аст. Зуд-зуд ба Қудсия занг мезанад.
- Оча, ин ман, - мегӯяд ӯ.
- Ҷони оча, - ҷавоб мешунавад.
Дорои СОЛЕҲЗОДА,
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3941