номаҳо
Мафҳуми "Ройгон"
дар муассисаҳои табобатӣ бегона аст?
Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад ва дар доираи муқаррароти қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Аммо мани омӯзгори собиқаи 36-солаи корӣ дошта дида истодаам, ки дар муассисаҳои табобатӣ мафҳуми "ройгон" бегона шуда истодааст. Қариб ҳамаи доруву дармон, ташхисҳо, ҷойу рӯпӯшҳои рахти хоб пулакианд. Ғизо аз ҳисоби беморону наздикону пайвандони онҳост.
Андешаи ҳаррӯзаи мардум ҳатман ин аст, ки нафаре аз оилаи онҳо бемор нашавад. Чаро? Чунки медонанд, ки баъд чӣ ташвишҳо ба сарашон меояд. Хусусан агар беморро ҷарроҳӣ намоянд. Дар ин маврид маблағи зиёд лозим мешавад. Маълум аст, ки аксари мардуми мо камбизоатанд. Бархе маҷбур мегарданд, ки барои табобат ҷойи зисташонро низ ба фурӯш монанд. Оё сари ҳалли ин масъала шахсони масъул намеандешанд?
Мирзомурод РИЗҚУЛЛОЕВ, деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3886