номаҳо
Ношунаво
низ
баҳра барад
Кӯдакам ношунавост. Гап зада ҳам наметавонад. Аммо забони ишораро медонад.
Сол ба сол, ки ӯ калонтар мешавад, мушкилоти мо меафзояд. Махсусан дар фаҳмонидани мақсади намоишҳову барномаҳо ва филмҳои телевизионӣ ранҷ мебарем. Дар ин ҳол на худамон мақсади намоишу барнома ва филмҳои телевизионро пура дармеёбем, на метавонем, ки ба ӯ бифаҳмонем. Бояд бигӯям, ки барои кӯдакамон хондану фаҳмидани китоб бисёр душвор аст. Фикр мекунам, ки маълумоти барояш муҳимтаринро тавассути телевизион дастрас карда метавонад, агар ба забони ишора онҳо тарҷума гарданд.
Мо дар кишвар мутахассисони варзидаи соҳаро дорем. Магар имкон надорад, ки ҳафтае ақаллан ду намоиш, барнома ва ё филмеро ба забони ишора низ бо истифодаи як гӯшаяки хурди телевизион намоиш диҳанд? Охир беш аз 20 ҳазор гунгу ношунавои кишвар ба ин ниёз дорад.
Ҷ. ИСМОИЛОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3876