logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Порлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ш. Страсбург, 6 июни с. 2011

Вакилони гиромӣ,
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам
Бо изҳори хушнудӣ аз мулоқот бо Шумо дар ибтидо қайд карданиам, ки ду сол қабл ҳангоми сафари худ ба Иттиҳоди Аврупо мо дар Брюссел чунин як мулоқоте доштем ва аз он ҷониби Тоҷикистон таассуроти хуб ҳам бардошта буд.  Итминон дорам, ки мулоқоти имрӯзаи мо барои нерӯи тоза бахшидан ба ин раванд мусоидат хоҳад кард.
 Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои охир робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Барои таъкиди ин гуфтаҳо ба идомаи татбиқи бештар фарогири  Стратегияи  Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва бахусус  аз ибтидои соли гузашта пурра эътибор пайдо кардани Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ишора кардан мумкин аст.  
 Дар давоми як соли мавриди татбиқ қарор гирифтани Созишномаи мазкур як қатор кумитаву шӯроҳои ҳамкории дуҷониба ба фаъолият шурӯъ карданд, ки дар доираи онҳо имконоти   васеътари густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои шомили рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи мо - тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсию амниятӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва байнипорлумонӣ фароҳам омаданд.
Бо назардошти он ки мо имрӯз дар қароргоҳи Порлумони Аврупо -  яке аз бонуфузтарин мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори ҷаҳон сӯҳбат карда истодаем, мехостам аҳамияти робитаҳои байнипорлумонии моро махсус қайд кунам.
Чанде пеш Кумитаи ҳамкории байнипорлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Порлумони Аврупо ташкил ёфта, ҷаласаи нахустини он  моҳи марти соли равон дар Брюссел доир гардид.
 Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби  вакилони ҳарду ҷониб,  дар баробари масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ, доираи васеи мавзӯъҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима  гардид.
Яке аз чунин соҳаҳо чун ҳарвақта бахши энергетика боқӣ мемонад. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро доро аст, ки наздики 530 миллиард киловатт соат буда, алҳол танҳо 5 фисади он истифода мешаваду халос.  Мутмаинам, ки бештар ва фаъолтар ба кор андохтани онҳо дар баробари мусоидат ба таъмини рушди босуботи кишвар ва нафъи экологии минтақа, ҳамчунин ба манфиати кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Афғонистону Покистон хоҳад буд.
Соҳаи дигари мавриди таваҷҷӯҳ ин инкишофи имкониятҳои коммуникатсионию нақлиётӣ ва бад-ин васила таҳким бахшидан ба робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан дар шароити ба бандарҳои баҳрӣ бевосита баромад надоштани аксари кишварҳои минтақа,  маҳсуб  меёбад.
 Дар   самтҳои зикргардида Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар  як теъдод барномаву лоиҳаҳои  иқтисодиро таҳия карда, амалӣ менамояд.
 Зумрае аз ин лоиҳаю барномаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар нигаронда шудаанд,  дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалии мо мавриди татбиқ ва қисмати дигараш дар марҳилаи омӯзиш қарор гирифтаанд.  
 Ҳамзамон, мо ба иштироки ҳамшарикони аврупоии худ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикию коммуникатсионии пешниҳодшуда ҳавасманд монда, омодаем, ки тамоми иқдоми судманди онҳоро дар ин самт бо  хушнудӣ бипазирем. 
 Ду сол қабл ман ҳангоми сафари худ ба Брюссел бо ҷаноби Баррозу,  Президенти Комиссияи Аврупо, мулоқот доштам ва ба ӯ чанде аз тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистонро муаррифӣ карда будам. 
 Умедбахш аст, ки онҳо, минҷумла лоиҳаҳои таҷдид ва тармими нерӯгоҳҳои гидроэнерегетикии дар Тоҷикистон амалкунанда, мавриди таваҷҷӯҳи Барномаи минтақавии инвеститсионӣ - Хазинаи Комиссияи Аврупо оид ба сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли равон дар чорчӯби он маблаггузорӣ шурӯъ мегардад, қарор гирифтаанд.
 Баъд аз чанд рӯз мо дар Люксембург бо роҳбарияти      муассисаи асосии молиявии татбиқи барномаи мазкур - Бонки Сармоягузории Аврупо мулоқот доир хоҳем кард ва ният дорем, ки  атрофи мушаххасоти ин мавзӯъ гуфтугузор намоем.  
 Гуфтан кофист, ки аз ибтидои истиқлолият то ҳол саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон қариб як миллиард евроро ташкил кардааст. 
Ва ман имрӯз аз номи мардуми Тоҷикистон барои ин кӯмаки созанда, иқдомоти накӯ ва инсондӯстона самимона сипосгузорӣ менамоям.
Мо ҳоло метавонем бигӯем, ки  мусоидати пайвастаи ҷомеаи Аврупоро дар давоми бист соли истиқлолият ҳамеша эҳсос  мекардем ва баланд арзёбӣ менамоем.
Чунин барномаҳо  ба монанди ТАСИС, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, кӯмакҳои макромолиявию техникӣ, БОМКА/КАДАП, "Темпус" ва "Эразмус Мундус"   мисоли возеҳи саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти кишвари мо маҳсуб меёбанд.
Айни замон дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 124 лоиҳаи дуҷонибаву минтақавии Иттиҳоди Аврупо  ба маблаги зиёда аз 170  миллион    евро татбиқ гашта истодаанд.
 Ҳамчунин, мо дар доираи ҳамкориҳои худ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи амниятӣ, ки бахши муҳими муносибатҳои имрӯзаи моро ташкил медиҳанд, манфиатдор мемонем.
 Идомаи барномаҳои БОМКА/КАДАП оид ба таҳкими сарҳадот ва танзими фаъолияти гумрукӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир,  аз ҷумлаи он иқдомоти шарикони аврупоии мо мебошанд, ки омили муҳими таъмини амнияту субот на танҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум арзёбӣ мегарданд.
 Мусаллам аст, ки қисми зиёди даромади аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бадастомада, бидуни шак, барои дастгирии молиявии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ истифода мешавад.
 Тоҷикистон ба ҳукми мавқеи ҷуғрофии худ дар саргаҳи интиқоли ғайриқонунии мухаддирот ба кишварҳои пасошӯравӣ ва интишори минбаъдаи онҳо ба Аврупо қарор гирифтааст ва солҳои тӯлонӣ аст, ки дар мубориза алайҳи ин таҳдиди глобалӣ, ҳамчунин кочоқи аслиҳа ва хатару чолишҳои дигари муосир нақши буфериро иҷро мекунад.
 Ин амр моро водор мекунад, ки чӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва чӣ бо кишварҳои минтақа ҳамкориҳои ду ва бисёрҷонибаи васеъро ба роҳ монда, чораҳои муассир андешем.
 Фаъолияти муваффақонаи Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад, мисоли возеҳи ҳамкории босамари кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
 Зарфи 10 соли охир  дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мазкур ва дигар мақомоти қудратии кишвар беш аз 70 тонна мухаддирот, аз ҷумла зиёда аз 30 тонна героин, ки дар навбати худ қариб 152 миллион дозаи истеъмоли якдафъаинаи онро ташкил медиҳад, мусодира гардид.
 Агар ин нишондиҳандаро дар муқоиса бо меъёрҳои барои гирифтори нашъамандӣ шудан зарур гирем, ин маънои наҷот бахшидан ба ҳаёти зиёда аз 37 миллион мардуми кишварҳои мухталифро дорад. 
 Ҳамзамон бо ин, бояд қайд кард, ки    вазъият дар ин самт,   сарфи назар аз чораҳои андешидашаванда, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.  Аз ин бармеояд, ки раванди мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир  дуру дароз буда, андешидани чораҳои нави муассир ва дарёфти роҳу механизмҳои ҳамкориҳои бештар самараноки ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад.
 Вобаста ба ин мо изҳори умедворӣ менамоем, ки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар баробари дигар ҳамшарикони  байналмилалии мо барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ин соҳа ва умуман  дар дигар масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ азму талошҳои минбаъдаи худро дареғ нахоҳад дошт.
 Нисбати авзои Афғонистон бояд таъкид кард, ки шароити имрӯза дар баробари амалҳои низомии муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои бештари ғайринизомиро тақозо мекунад.  Зеро, чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, роҳи сирф низомии ҳалли қазияи он вуҷуд надорад.   
 Дастгирии фаъолияти Шӯрои Сулҳ, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ҷиҳати эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар онҳо ҳамкориҳои муассиртар дошта бошанд.
 Ҳамзамон, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамкории васеи минтақавиро, ки онро ҷониби Тоҷикистон аз афзалиятҳои стратегии худ медонад, талаб мекунад.  Вале, бо афсӯс бояд қайд кард, ки алҳол дар Осиёи Марказӣ  дарки масоили марбут ба  фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва дар минтақа дар ин самт масоили муайяне мавҷуд аст, ки ҳаллу фасли худро интизоранд.
 Ман дар ин ҷо мехостам як ибораро аз Паёми худ ба Порлумони Тоҷикистон, ки тақрибан як моҳ қабл гуфта будам, бори дигар такрор намоям: "Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад!"
Ин мавқеъ қабл аз ҳама ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дахл дорад, ки ҳамеша вирди забонҳост ва калиди ҳалли ин масъаларо мо метавонем боз ҳам бо як калима ифода намоем: ҳамкорӣ!
 Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад ва дар қаламраваш тақрибан 60 фисади оби минтақа ташаккул меёбад, ҳамеша омодаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст.
 Дар баробари он, норасоии захираҳои сӯзишворӣ яке аз омилҳои боздошти рушд ва болоравии иқтисодиёти кишвар гардидааст. Бинобар сабаби мавҷуд набудани захираҳои худии нафту газ мамлакат тамоми талаботи худро аз ҳисоби воридот аз дигар ҷумҳуриҳо таъмин менамояд.
 Мавқеи принсипиалии мо, ки онро ман борҳо аз минбарҳои мухталиф таъкид кардаам, иборат аз он аст, ки мо ҳеҷ гоҳ ҳамсоягони худро бе об нахоҳем гузошт ва ҳатто пешниҳод кардем, ки захираҳои кӯли баландкӯҳи Сарез, ки худ як хазинаи беназири оби аълосифати ошомиданӣ аст, барои таъмин намудани ҳамаи аҳолии Осиёи Марказӣ истифода шавад.
 Вале дар айни ҳол бар он ақидаем, ки мардуми Тоҷикистони дар тӯли 15 соли охир ҳар зимистон аз камбуди барқ азияткашанда, ки он дар давоми ҳар сол 6 моҳи зимистон фақат шашсоатӣ ҳар рӯз барқ мегирад, ҳаққи истифода аз  сарватҳои табиии худро дорад, ки ин нукта дар аксари асноди ҳуқуқи байналмилалӣ омадааст.
 Ягон иншооти гидроэнергетикии мо ҳеҷ гоҳ бар зарари ягон нафаре нахоҳад буд, балки як нигоҳи беғаразона ва одилона ҳамеша исбот хоҳад кард, ки ҳамаи кишварҳо ва кулли минтақа аз онҳо фақат манфиат хоҳанд дид.
 Соҳаи гидроэнергетика, ба ғайр аз таъмини қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи захираҳои устувори табиии энергияҳои таҷдидшаванда дар оянда муҳим аст. Дар айни замон истифодаи он барои ба таври назаррас кам кардани партовҳои гази карбон ба фазо мусоидат менамояд.
 Фикр мекунам, Иттиҳоди Аврупо, минҷумла сохтори порлумонии он  дар омода сохтани фазои мусоид барои чунин ҳамкорӣ  метавонанд саҳми боз ҳам фаъолтар  дошта бошад.
 Вобаста ба ин мо интизорем, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи Стратегияи худ барои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, таҳким бахшидан ба фазои боварӣ ва эътимод, ба нерӯи тоза гирифтани муносиботи мутамаддин ва рафъи монеаҳо дар интиқоли молу сармоя, рафтуомади озоди одамон таваҷҷӯҳи фарогир ва бештар зоҳир намояд.  
 Ҳамзамон бо ин, Порлумони Аврупо, ки имрӯз инъикоскунандаи таҷрибаи ғании парламентаризми ин қитъаи ҷаҳон маҳсуб меёбад,  метавонад кӯмаку мусоидати бештари худро дар самтҳои анъанавии ҳамкориҳои парламентарӣ расонад.
 Амалияи пешбурди равандҳои демократӣ, ташаккули унсурҳои калидии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо, такмили фаъолияти низоми порлумонӣ ва беҳсозии қонунгузории миллӣ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои башар  аз он соҳаҳое ба шумор мераванд, ки Иттиҳоди Аврупо метавонад дар онҳо  нақши боз ҳам васеътар дошта бошад.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар остонаи таҷлили 20-солагии истиқлолияти миллии худ қарор гирифтааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, ба мо муяссар шуд, ки дар такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти   хусусиятҳои миллӣ    асосҳои ҷомеаи нави рӯ ба меъёрҳои демократӣ ниҳодаи худро гузошта, ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро пайгирона идома диҳем.
Дар Тоҷикистон, ки дар фазои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии худро бо раъйпурсии умумӣ қабул кард, ҷиҳати тақвияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ иқдомоти муассир амалӣ шудаанд.
 Бори аввал дар таърихи сиёсии кишвар Порлумони касбии дупалатагӣ таъсис ёфт.
 Дар робита ба ин мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба чанде аз факту рақамҳо ҷалб намоям, ки ба таври возеҳ дастовардҳои моро дар соҳаи ташаккули  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  фароҳам овардани фазои муносиб барои гуногунандешии сиёсӣ, озодии сухан ва виҷдон, баробарии ҳуқуқҳои зану мард, ҳамчун  унсурҳои калидии ҳуқуқу озодиҳои инсон шарҳ медиҳанд.
 Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ созмони ғайриҳукуматӣ амал мекунад, ҳол он ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар теъдоди онҳо ҳамагӣ ба 141 адад мерасид.
Айни замон дар фазои сиёсии кишвар ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дошта, панҷтои он дар порлумони кишвар намояндаи худро дорад.
 Дар кишвар зиёда аз 400 рӯзномаву маҷалла, аз ҷумла 250-тоаш хусусӣ, ба табъ расида, 44 шабакаи радиотелевизионӣ, аз  ҷумла 28 шабакаи ғайриҳукуматӣ амал мекунад. 
 Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини шаффофияти иттилоот ва дастрасии кафолатноки иттилооти аз лиҳози ҷамъиятӣ муҳим чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
 Дар Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш зиёда аз ҳафту ним миллион аст, қариб 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, аз ин ҷумла 74-то  иттиҳодияи ғайриисломӣ, фаъолият мекунад.
 Аз нигоҳи созмонҳои марбутаи ҷамъиятию байналмилалӣ  оид ба ҳифзи  ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар соҳаи мазкур яке аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар сатҳи давлат ин ба тасвиб расидани Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълони моратория ба ҳукми қатл мебошад.
 Зимнан, мехостам барои Тоҷикистон  аҳамияти рӯзафзун доштани татбиқи чораҳои муассирро ҷиҳати мубориза алайҳи коррупсия ва хариду фурӯши одамон таъкид намоям.
 Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, Шӯрои миллӣ оид ба мубориза алайҳи коррупсия,  Кумитаи байниидоравии   мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон,  барои ҳамкорӣ дар ин самтҳо ҷалб кардани ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ  аз ҷумлаи он иқдомҳое мебошанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи ин падидаҳои манфии ҷомеа пиёда карда шудаанд.
 Ҳамзамон мо дарк менамоем, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи мубориза бар зидди зуҳуроти номбаршуда ба  ҳамкориҳои бештар ва васеътар бо шарикони байналмилалии худ ниёз дорем.
 Вобаста ба мавзӯи мубориза бо чолишҳои асри муосир, ки кишвари мо дар марҳилаи кунунӣ ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, проблематикаи дар минтақа шиддат гирифтани тундгароии диниро низ қайд кардан зарур аст.
 Ташвишовар аст, ки идеологҳои гурӯҳҳои ғайрирасмии ифротгароёни исломӣ барои пиёда кардани ҳадафҳои ғаразноки ниҳоии худ - тағйир додани сохти конститутсионии давлатҳои минтақа, имрӯз тамоми имкониятҳои худро сафарбар кардаанд. 
 Табиист, ки дар чунин шароит давлати Тоҷикистон наметавонад нисбати авҷ гирифтани тундгароии динӣ, ки ба асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии сохти дунявии  кишвар таҳдид ба бор меорад, бетавофутӣ зоҳир намояд.
 Мақсад аз чораҳои дар ин самт андешидашавандаи мо якто аст. Ин ҳам бошад, гирифтани пеши роҳи дар шуури шаҳрвандон ҷо кардани   афкори номатлуби экстремизми динӣ ва зӯроварӣ, ки як оқибат дорад - даст задан ба  ифротгароӣ ва амалҳои террористӣ.
 Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ҷонибҳо амалҳои моро дар ин самт ҳамчун маҳдуд гардондани озодиҳои инсон маънидод мекунанд, ки ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад.
 Дар ин ҷода набояд меъёрҳои дугона ба кор раванд, чунки террорист ватан, мазҳаб ва миллат надорад.  Бо ин зуҳуроти глобалӣ бояд ҳама якҷоя мубориза барем.
 Мо бо эҳтироми комил аз таваҷҷӯҳи ҳамшарикони байналмилалии худ ба мавзӯъҳои барои ҷомеаи мо ҳассос  изҳори умедворӣ менамоем, ки мавзеъгирӣ нисбати онҳо бештар диди шарикона ва воқеъбинона дошта бошад. Айни замон, таъкид карданиам, ки чунин мавқеи мо ба ҳеҷ ваҷҳ маънои каноргирӣ аз рушди ҳамкориҳои   судмандро дар масъалаҳои мубрами ҳуқуқ ва озодиҳои инсон надорад.
 Вале Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, дар он 157 ҳазор одам қурбон гашт, зиёда аз 50 ҳазор тифл  ятим монду  1 миллион нафар фирорӣ шуд  ва зарари иқтисодӣ зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ин омилҳоро ба назар нагирифта наметавонад.
 Бо таъкиди содиқ мондани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи пурраи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, мо ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои васеъ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди зина ба зинаи равандҳои демократӣ дар кишвар таъкид менамоем ва ҳамеша хоҳони онем, ки онҳо бештар хислати мушаххас касб намоянд. 
 Дар хотимаи сухани худ мехостам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкории ҳасана бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои сохтории он, ки дар асоси усули шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудаанд, итминон дорад.
 Мо  умедворем, ки онҳо дар ояндаи наздик  фарогири рушду густариши судманд  хоҳанд шуд.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3294
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед