сафарҳо
Муколамаи нахустин дар Шӯрои Аврупо самари нек бахшид
6 июн сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Аврупо аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар Порлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони порлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо мулоқоту сӯҳбатҳои судманд анҷом медиҳад.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо Торберн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, мулоқот намуда, ба ӯ барои даъвати расмиаш ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз куҳантарин сохтори умумиаврупоӣ - Шӯрои Аврупо арзи сипос намуд.
Торберн Ягланд дар посух изҳор дошт: "Шумо нахустин роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ мебошед, ки ба Шӯрои Аврупо ташриф овардед ва ин фоли нек аст".
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки "натиҷаҳои ин мулоқот дар самти ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсии миёни Тоҷикистону Шӯрои Аврупо ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд бо давлатҳои аъзои он қадами тозае хоҳанд шуд".
Зимни мулоқот атрофи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Дар робита ба раванди демократикунонии ҷомеа Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт: "Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои ин кори на соддаю кӯтоҳмуддат қарор дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст". Аз ҷумла зикр гардид, ки "имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мекунад, ки панҷтои он дар порлумон намоянда дорад. 404 рӯзномаву маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28 - тоаш ғайриҳукуматӣ аст, амал мекунад. Шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ибтидои ба истиқлолият расидани кишвар ҳамагӣ 141 то буд, имрӯз ба зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ адад расидааст".
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки "имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Аврупо марҳилаҳои ба ном "шиносоии мутақобила" ва "интизории қадамҳои мутақобила ба самти якдигар"-ро паси сар карда, бар асари саъю талошҳои муштарак шаклу мазмуни мушаххасро касб кардаанд".
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ишора ба аҳамияти стратегии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии фарогири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъкид доштанд.
Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ қарор дорад, барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳалли мушкилоти идоракунии захираҳои обу энергетика, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии Осиёи Марказӣ, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва дигар проблемаҳои мубрами минтақавӣ низ муҳим маънидод шуд.
Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба имзо расид. Ба ин санади муҳим Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Торберн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, имзо гузоштанд.
Ҳамчунин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.
Сипас, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Торберн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, нишасти матбуотӣ оростанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.
Торберн Ягланд изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шӯрои Аврупо ташриф овард. ӯ ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шӯрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Торберн Ягланд, Дабири кулли Шӯрои Аврупо, даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар Порлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо Ежи Бузек, Президенти Порлумони Аврупо ва роҳбарони як қатор кумитаҳо ва дигар сохторҳои он мулоқот анҷом медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2089